September 2024

Суратгузориш

Submitted by IED.TJ on Sunday, September 1, 2024 - 8:30am

Аз рафти тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба Рӯзи дониш, 1 сентябри соли 2024 – ум,
Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии
Илмҳои Тоҷикистон 
 

ТАМОШОИ ПАХШИ МУСТАҚИМИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Submitted by IED.TJ on Sunday, September 1, 2024 - 10:00am

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр!

Санаи 09 сентябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тољикистон бо иштироки мудирони шуъбаҳо ва ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш баргузор гардид.

Ҳамоиши илмӣ

Submitted by IED.TJ on Wednesday, September 4, 2024 - 1:49pm

Санаи 04-уми сентябри соли 2024 дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. 

Семинари илмӣ

Submitted by IED.TJ on Wednesday, September 4, 2024 - 2:00pm

Санаи 04-уми сентябри соли 2024 дар асоси банди 2-и қарори протоколи №29 ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии Тоҷикистон дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзӯи «Возрождение нефтегазового комплекса Таджикистана – это новый импульс обеспечения энергетической безопасности к преддверию 35-летию независимости Таджикистана» семинари илмӣ баргузор гардид, ки дар он муовини директори Институт оид ба масъалаҳои умумӣ Турсунов Исмат Ҷумаевич баромад намуданд.

РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Submitted by IED.TJ on Thursday, September 5, 2024 - 10:04am

05 сентябри соли равон ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шањраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, директорон ва олимону кормандони муассисаҳои имлию таҳқиқотӣ роҳпаймоии идона баргузор гардид.

РУШДИ МИНТАҚАҲОИ КИШВАР ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Submitted by IED.TJ on Saturday, September 7, 2024 - 10:04am

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу миллӣ – 33 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон таҷлил менамояд. Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат ба ҳисоб меравад. Қайд намудан ба маврид аст, ки чунин як гавҳари бебаҳо осон ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Семинари илмӣ

Submitted by IED.TJ on Friday, September 13, 2024 - 10:00am

Санаи 13-уми сентябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институт дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2024 дар мавзӯи «Таъсири инноватсия ба равандҳои демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, н.и.и. Субҳонов А.И. ва ходими пешбари илмии шуъбаи мазкур, н.и.и., Қодиров Ш. баромад намуданд.

Шурои олимон

Submitted by IED.TJ on Friday, September 27, 2024 - 2:09pm

Рӯзи 27-уми сентябри соли 2024 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.

Фестивалҳои саводнокии молиявӣ дар Душанбе

Submitted by IED.TJ on Saturday, September 28, 2024 - 10:10am

Санаи 28-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд марҳилаи ниҳоии силсилаи фестивалҳои саводнокии молиявӣ дар соли ҷорӣ баргузор гардид.