Семинари илмӣ

Submitted by IED.TJ on Wednesday, September 4, 2024 - 2:00pm

Санаи 04-уми сентябри соли 2024 дар асоси банди 2-и қарори протоколи №29 ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии Тоҷикистон дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзӯи «Возрождение нефтегазового комплекса Таджикистана – это новый импульс обеспечения энергетической безопасности к преддверию 35-летию независимости Таджикистана» семинари илмӣ баргузор гардид, ки дар он муовини директори Институт оид ба масъалаҳои умумӣ Турсунов Исмат Ҷумаевич баромад намуданд. Зикр карда шуд, ки саноати нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи зиёда аз садсола дошта, эҳёи истихроҷи нафт дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои асосии ҳадафҳои миллии рушди кишвар ба ҳисоб меравад.