Шӯрои олимон

01 октябри соли 2019 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба хотири ёдбуди доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бронштейн Яков Тевьевич ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Х. кушода, оид ба ҳаёт ва фаъолияти Бронштейн Яков Тевьевич суханрони намуданд.  Сипас, академики АИ ҶТ Раҳимов Р.К. дар мавзӯи: «Яков Тевьевич Бронштейн – учёный экономист высшего класса и замечательный человек» маърӯза намуданд. Дар ҷаласаи мазкур инчунин, Қаюмов Н.Қ. – академики АИ ҶТ, Исломов С.И. – узви вобастаи АИҶТ, д.и.и., профессор, Рауфӣ А. –  д.и.и., профессор, Хоналиев Н. д.и.и. ва писари Бронштейн Яков Тевьевич – Бронштейн А.Я. н.и.и., ки ба ҳайси меҳмон дар ҷаласаи мазкур даъват шуда буданд баромад намуданд.

IMG_20191001_100320

IMG_20191001_101525

IMG_20191001_101154

IMG_20191001_100355

 

Ҳимояи диссертатсия

27 сентябри соли 2019, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Ғафуров Ғиёсуддин Садрудинович дар мавзӯи «Такмили инструментҳо ва методҳои идоракунии бахши ҷамъиятии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10- Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

27 сентябри соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Ҷобирзода Тоҳир Гул дар мавзӯи «Такмили механизми банақшагирӣ ва пешгӯии рушди низоми иҷтимоию иқтисодии минтақа» (дар асоси маводи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10- Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Шӯрои олимон

Рузи 27 сентябри соли 2019 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.

  1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД дар нӯҳ моҳи соли 2019
  2. Ҳисоботи илмии бахши рушди инсони шуъбаи демография
  3. Ҳисоботи илмии бахши иқтисодиёти рақамии шуъбаи таҳқиқоти фаъолияти берунии иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои интегратсионӣ
  4. Оид ба интихоби Раиси Шӯрои олимони ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ
  5. Масъалаҳои ҷорӣ

 

Тадқиқоти саҳроӣ

Ҷиҳати такмил додани махзани маълумоти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ, гузаронидани тадқиқот доир ба таҳияи махзани маълумоти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти навтаъсиси Исмоили Сомонӣ ва Шириншо Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, ҷараёни иҷроиши Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва омӯзиши фаъолияти «Минтақаи озоди Ишкошим» аз 17-ум то 22 –юми сентябри соли 2019 гурӯҳи кории ходимони илмӣ дар ҳайати Саидмуродов Л.Ҳ., Ҷалилов Д.Р., Алимов А.Л., Бобоҷонов Р.М., дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ тадқиқоти саҳроӣ гузарониданд.

20190920_095425

20190920_113146

20190920_124328

ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ АИ ҶТ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

06 сентябри соли 2019 соати 10:00 дар толори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар охири ҷаласа Шералиев Исомиддин Қосимҷонович – сармуҳосиби Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ва Зубайдов Ҷамолиддин Шамсиддинович – мудири шуъбаи хоҷагии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ – барои иштироки  фаъолона  дар  корҳои  ташкилию ободонӣ  ва  ҷамъиятӣ  ва  ба  муносибати  28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома»-и  АИ ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

IMG_9043

 

Семинари илмӣ-назариявӣ

03 сентябри соли 2019 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Мушкилот ва дурнамои рушди корхонаҳо дар бахши воқеии иқтисодиёти кишвар» (дар асоси сафарҳои расмии кормандони шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти воқеӣ) баргузор гардид, ки дар кори он ходими пешбари илмӣ, н.и.м. Арипов Х.О., ходими калони илмӣ Махкамов Б.Б., ходими калони илмӣ Абдухолиқов У.А. ва ходими илмӣ Акрамов А.З. баромад намуданд.


семинар

Ҳимояи диссертатсия

05 июли соли 2019, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Гадоев Давронҷон Рамазонович дар мавзӯи «Идоракунии рушди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» (дар асоси маводи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10 – Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид

Ҳимояи диссертатсия

05 июли соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Шамсуллозода Холназар дар мавзӯи «Роҳҳои асосии такмили методҳои ташкили фаъолияти сармоягузорӣ дар ширкатҳои суғуртавӣ» (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.22 – ташкили истеҳсолот (тибқи соҳаҳо) баргузор гардид.

Шўрои олимон

Рузи 28 июни соли 2019 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шўрои олимон баргузор гардид.

Рўзномаи ҷаласаи Шўрои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.

  1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2019.
  2. Ҳисоботи илмии бахши комплекси агросаноатии шуъбаи тадқиқоти иқтисодиёти воқеӣ.
  3. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ҷиҳати омодагӣ ба 28 – умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.