December 2021
Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan
Official Website: https://anrt.tj/en/
Национальная Академия наук Таджикистана
Официальный сайт: https://anrt.tj/ru/
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Сомонаи расмӣ: https://anrt.tj/tj/
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмӣ: http://president.tj
Президент Республики Таджикистан
Официальный сайт: http://president.tj
President of the Republic of Tajikistan
Official Website: http://president.tj
Маҷаллаи иқтисодиёти Тоҷикистона №4
Шумо метавонед Маҷаллаи иқтисодиёти Тоҷикистонро аз сомонаи www.ekt.tj ба даст оред
Маълумотнома дар бораи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Муассисаи давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 №33 дар заминаи муттаҳид намудани ду институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Институти иқтисодиёт ва Институти демография таъсис ёфтааст.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020, №1505 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
Информация об Институте экономики и демографии НАНТ
Информация доступно только на таджикском языке
Information about the Institute of Economics and Demography of NAST
Information is available only in Tajik language
Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
21 декабри соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ва бо иштироки кормандони ИИваД АМИТ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
БОБОЗОДА КОМИЛ ОЛИМҶОН
Аз моҳи марти соли 2025 то инҷониб директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и.
Соли таваллуд - 12 сентябри соли 1987
Ҷои таваллуд - шаҳри Душанбе
Миллат - тоҷик
Таҳсилот - олӣ
Соли 2009 факултети сохтмон ва идораи Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С. Осимиро хатм кардааст
Ихтисос – муњандиси ташкили интиќол ва идора дар наќлиёт
Унвони илмӣ – доктори илмҳои иқтисодӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не – не
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не
Вазъи оилавӣ - оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Суроға - шањри Душанбе, кўчаи ба номи Маяковский №70/5, њ.79
Маълумот дар бораи доғи судӣ - надорад.
Кор ва фаъолияти собиқа:
01.09.2004 24.06.2009 донишљўи Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С. Осимї
01.09.2009 30.12.2009 аспиранти Институти иќтисодиёт ва демографияи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, ассистенти кафедраи ташкили интиќол ва идора дар наќлиёти Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С. Осимї, шогирди танзимгари ќаторањои хадамоти боркашонї дар Роњи оњани Тољикистон
25.01.2010 01.09.2010 Ходими хурди илмии шуъбаи иќтисодиёти инфрасохтор ва логистикаи Институти иќтисодиёт ва демографияи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон
14.09.2010 03.10.2013 Ходими калони илмї, ходими пешбари илмии шуъбаи тањќиќотњои минтаќавї ва љойгиркунии ќуввањои истењсолкунандаи Институти иќтисодиёт ва демографияи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон
01.11.2013 01.10.2017 Ходими пешбари илмии шуъбаи тањќиќоти инфрасофтории Институти иќтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмњои Тољикистон
01.11 2017 01.11. 2021 Докторанти рўзонаи Институти иќтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмњои Тољикистон
01.12. 2021 17.03.2025 Ходими пешбари илмии шуъбаи тањќиќоти инфрасохтории Институти иќтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмњои Тољикистон
03.2025 то ҳол Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ШАРИФ РАХИМЗОДА
SHARIF RAHIMZODA
Таваллуд шудааст: 12 марти соли 1959.
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумоташ: олӣ – соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ:
солҳои 1981-1983 – устоди кафедраи “Молия ва қарз”-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.
солҳои 1983-1986 ¬ аспиранти Донишкадаи молияи ш. Москва.
солҳои 1987-1989 – устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
солҳои 1989-1993 – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Бонки манзилию иҷтимоӣ, муовини мудири шуъбаи Внешэкономбонки СССР, витсе-президенти Внешэкономбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон
солҳои 1993-2001 – мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
солҳои 2001-2006 – Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Франсия, сардори намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои европоӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва НАТО.
солҳои 2006-2007 – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
солҳои 2008-2012 – Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
солҳои 2012-2015 – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2015 вакил ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2020 №229 директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардидааст.
Маҷлиси ҷамъбастӣ -ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»
24 декабри соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ таҳти роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ва бо иштироки кормандони ИИваД АМИТ маҷлиси ҷамъбастӣ -ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Шурои олимон
Рӯзи 28 декабри соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АМИТ дар соли 2021
2. Оид ба натиҷаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Вазъи муосири индустриалӣ-инноватсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди онҳо»
3. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АМИТ барои соли 2022