РУШДИ МИНТАҚАҲОИ КИШВАР ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Submitted by IED.TJ on Saturday, September 7, 2024 - 10:04am

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу миллӣ – 33 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон таҷлил менамояд. Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат ба ҳисоб меравад. Қайд намудан ба маврид аст, ки чунин як гавҳари бебаҳо осон ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аст. Мо набояд фаромӯш созем, ки роҳи расидан ба чунин рӯзҳои осуда ва дастоварду пешравиҳои имрӯза чандон ҳамвору осон набуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз вазниниҳои солҳои аввал мувваффақиятҳои бузург ба даст омадаст.  
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ба бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд. Махсусан, Тоҷикистон бар асари дахолати беруна ва ноустувории сиёсати дохилӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуда буд, ки он пеш аз ҳама ба куштор ва нотинҷӣ дар қисмати зиёди кишвар, ҳиҷрат намудани мардум ба давлатҳои ҳамсоя, шадидан паст гардидани сатҳи зисти мардум таъсири манфии худро гузошта буд.
Дар ин давра, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ҷануби кишвар силоҳдорони ғайриқонунӣ ба гурӯҳҳои мухолифи давлат амал мекарданд, ки на танҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар минтақаҳои ҷангзада, балки мақомоти марказии идораи давлатиро низ хароб гардонида, мувофиқан мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар тамоми минтақаҳои кишвар пурра фалаҷ карда буданд. Аммо, шукр, ки дар Тоҷикистон дар натиҷаи чораҳои таъхирнопазире, ки дар соҳаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ андешида шудаанд, дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Махсусан, баъд аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва Сардори давлат интихоб карда шуд, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Дар натиҷаи чораҳои қатъии андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат ҷорӣ гардида, дар минтақаҳо низ фаъолияти ҳокимияти давлатӣ устувор гардид. 
Вазъияти душвор, ки дар натиҷаи қатъи робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигар баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз кор бозмондани корхонаҳои бузург ба вуҷуд омад, дигаргун кардани низоми иқтисодиро тақозо намуд. Ҳамчунин, касодии хазинаи давлатӣ водор мекард, ки дар соҳаи иқтисод хусусигардонӣ ба роҳ монда шуда, сармоягузории хориҷию ватанӣ ҷалб карда шавад. 
Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ чун омили муҳимтарини сафарбар кардани тамоми мардуми Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти таъхирнопазир арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки дар солҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ давом дошт, низоми идоракунӣ ва иқтисодии кишвар махсусан дар шаҳру ноҳияҳои ҷангзада комилан аз байн рафта буд.
Барои барқарор кардани низоми сиёсӣ ва фаолияти мӯътадили ҳокимияти давлатӣ хам дар сатҳи идораҳои давлатии марказӣ ва махсусан дар минтақаҳо пеш аз ҳама сулҳ ва ваҳдати миллӣ бояд таъмин мегардид. Мушкилоти хеле ҷиддие, ки назди ҳукумати кишвар меистод, баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ва ба зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаю мӯътадил оғоз кардани онҳо буд.
Аз соли 1994 сар карда, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли ин масъалаҳои хеле мушкил вусъат бахшида, барои ба ватан баргаронидани гурезагон, ки бештари онҳо аз минтақаҳои ҷануби кишвар буданд, чораҳои қатъӣ ва таъсирбахш андешид. 
Бояд зикр намуд, ки то солҳои 2000-ум ва қабули Конститутсия аз тариқи райпурсии умумӣ, як силсила қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ қабул гардиданд, ки барои ба низом овардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мусоидат намуданд. Аз ҷумла, барои маблағгузории фаъолияти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, такмили сохтори идораи давлатӣ ва гузаронидани ислоҳоти зарурӣ, тақсим кардани замин ба аҳолӣ, ҷалби грантҳои созмонҳо ва бонкҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва кишварҳои хориҷ ба роҳ монда шуд, ки   барои ба вуҷуд омадани инфрасохтори идоравӣ ва иқтисодӣ дар маҳалҳо кӯмак намуд.
Яке аз сабабҳои қафомонии инкишофи маҳалҳо комил набудани заминаҳои қонунгузорӣ дар фаъолияти онҳо буд. Чунончи, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳали шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳо бо ҳамин сабаб ба натиҷаҳои назаррас дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба зудӣ ноил намешуданд. Нокифоя будани маблағҳои буҷа барои пардохти маош, харидани техника ва маводи зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомоти маҳаллӣ, қафомонӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди реалӣ, заиф гаштани низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва мавҷуд набудани низоми суғуртаи иҷтимоӣ, хароб гаштани соҳаи маорифу тандурустӣ рушди маҳалҳоро суст карда буд.
Вале, ба туфайли кӯшишҳои ниҳоят ҷиддӣ ва андешидани чораҳои таъсирбахш аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан боиси устувор шудани низоми сиёсию иқтисодӣ дар тамоми қаламравӣ кишвар гардид.
Яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар бахши воқеии иқтисод ин ҳалли масъалаҳои иқтисодию истеҳсолии корхонаҳои соҳаҳои гуногун, ки ба ҳамин минтақа вобаста мебошад, ба ҳисоб мерафт. 
Баъд аз соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ва муайян шудани иқтисоди бозоргонӣ чун самти асосии ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳал куллан дигаргун шудаанд. Аз ҷумла, мувофиқ ба иқтисоди бозоргонӣ, мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ аз вазифаҳои хоҷагидорӣ ҷудо гардида, ба масъалаҳои иқтисодию истеҳсолии корхонаҳои бахши хусусӣ дахолат кардан манъ карда шуд. Вазифаи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар бахши воқеии иқтисод ин ташкил намудани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид барои таъсис додан ва рушди бемайлони соҳибкорӣ муқаррар гардид. Ҳокимияти давлатӣ дар маҳал мутасаддии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, ободонии минтақа ва ғайра гардид.
Мақомоти асосӣ, ки дорои қобилияти қабули қарорҳои сиёсиро дар Иттиҳоди Шуравӣ буд, Кумитаи Марказии ҳизби Коммунистӣ маҳсуб меёфт. Мақомоти тарҳрезикунандаи нақшаи давлатӣ (Госплан) қарорҳои қабулгардидаи сиёсиро ба тарҳи иқтисодӣ гузаронида, онро ҳамчун дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ пешниҳод менамуд. Нақшаи асосӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ ин дурнамои панҷсолаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ маҳсуб меёфт. Ба таври расмӣ қонунӣ намудани нақшаҳо ва дигар қарорҳои муҳим аз ҷониби Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ амалӣ мегардид. Баъдан лоиҳаҳои нақшаҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ барои мувофиқа ба сатҳҳои поёнии ҳокимияти намояндагӣ – Шуроҳои Олии ҷумҳуриҳои шуравӣ, Шуроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ фиристода мешуд. Интиқоли қарорҳои сиёсӣ бо се роҳ амалӣ мегардид: ҳизбӣ (сохтори мақомоти ҳизбӣ), шӯравӣ (сохтори ягонаи мақомоти намояндагӣ) ва маъмурӣ (мақомоти ҳокимияти иҷроия). Дар баробари ин, ҳокимияти давлатӣ бо чунин тарз сохта шуда буд, ки дар амал ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо дастур аз боло вазифадор буданд, то тамоми нерӯи худро барои иҷрои қарорҳои болоӣ сафарбар созанд. Ва чунин системаи қатъӣ маҳсули ҷиддиро ба даст меовард: сар додани мушаки кайҳонӣ, сохтмони БАМ, аз худ намудани даштҳои бекорхобида ва дигар дастовардҳои бузург. Аммо, дар баробари ин сарфаи нерӯ, самаранокии иқтисодӣ, омили инсонӣ ва дигар маҳфумҳои ба ин монанд ба инобат гирифта намешуд. Бо гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ ва шаклҳои мухталифи моликият ва рад кардани идораи марказонидашудаи иқтисодӣ, ки боиси гайридавлатӣ шудани сектори иқтисодӣ гардид, зарурияти дигаргун сохтани сохтори маъмурикунонии равандҳои рушдро пеш овард. Дар шароити соҳибкории хусусӣ идоракунии давлатӣ, муносиботи дуҷониба ва бисёрҷониба ранги дигар гирифт ва ба мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия – вазорату идораҳои марказӣ, ҳам барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ вазифаҳои навро пеш овард. Дар шароити нав, зарурат пеш омад, ки шакл ва усули кору фаъолият аз фармондеҳӣ ба усули таҳияи сиёсат, таҳлил ва пешгӯиҳо иваз намоянд. Ҳамзамон, ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ, бо назардошти ворид намудани принсипҳои демократӣ ва иқтисоди бозорӣ зарур шуд, ки шакл ва услуби идоракуниро тағйир диханд. Ҳолати буҳронии иқтисодӣ ва камчинии буҷавии ҳамаи сатҳҳои ҳудудӣ, заруриятро барои аз нав дида баромадани муносибат ба рушди маҳаллӣ, бо истифода аз технология ва захираҳо ба самти баланд бардоштани масъулияти мақомоти идоракунии маҳаллиро пеш овард. Дар ин ҳолат, саволи асосӣ чунин гузошта шуд: дараҷаи оптималии тақсими вазифаҳо миёни мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллию худидоракунии маҳаллӣ кадом аст? Бешак, танҳо тақсими оптималии вазифаҳо миёни мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллию худидоракунии маҳаллӣ метавонад мавқеи устувори минтақаю маҳал, ҳамчунин ташаккул ва рушди барномавии маҳалро таъмин намояд. Чунин мавқеъ воҳидҳои маҳаллиро барои ҳаллу фасли масъалаю мушкилоти сатҳи маҳаллӣ тавассути таҳия барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии барномаҳои миёнамӯҳлат бо барномаҳои соҳавӣ ва мувофиқаи ҳамаҷонибаи онҳо бо вазорату идораҳои марказӣ устувор гардонидааст. Аз ҷумла, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мавриди масъалаҳои иқтисодӣ ва идоравӣ, бо Вазорати молия дар мавриди масъалаҳои молиявӣ-буҷавӣ ва ҷудо гардидани дотатсия, субвенсия, субсидияҳо ва трансфертҳои марказӣ дар доираи муносибатҳои байнибуҷавӣ ва дигар мақомоти марказӣ мувофиқа карда мешаванд ва чунин тартиб кафолати иҷроиши чорабиниҳои дар сатҳи маҳал ба нақшагирифташударо таъмин менамояд. Яъне, тағйироти сохтори идораи давлатӣ аз марказ то ба маҳал чунин сурат гирифтааст, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мавқеи иҷрочии сатҳи ҳудудӣ, ки мақомоти маҳалии идоракуниро ҳамчун ҷузъи поёнии механизми ягонаи бюрократӣ меҳисобиданд, ба мавқеи мақомоти ваколатдор ва салоҳиятдори сатҳи маҳаллӣ табдил гаштааст. Чунин гузариши ҷиддӣ қарорҳои хеле қатъии сиёсиро аз ҷониби роҳбарияти давлат ва дар амал ворид намудани қоидаҳои комилан нави идоракунии марказию маҳаллиро тақозо менамуд, зеро ташаккули системаи масъулияти мақомоти ҳудидоракунӣ бе ташкили ҳокимияти маҳаллии шакли муносиб ғайриимкон аст. Чунин ислоҳоти хеле ҷиддии системаи идораи давлатӣ ва тағйири сиёсати тақсими вазифаю ваколатҳо миёни сатҳҳои гуногуни идораи давлатӣ на танҳо рушди устувори мақомоти сатҳи маҳалро, балки робитаи устувори институтсионалиро миёни ҷомеаи маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро таъмин намудааст. 
Имрӯз, дар низоми идораи минтақаҳо масъалаҳои истифодаи услубҳои нави рушди барномавии минтақаҳои кишвар, арзёбии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ба роҳ монда шудааст. Низоми пешгӯӣ, мониторинг ва назорати иҷроиши барномаҳои қабулмешуда ва қабулгардида бо назардошти хусусиятҳои хоси минтақаҳо – минтақаҳои кӯҳӣ, минтақаҳои наздисарҳадӣ, минтақаҳои осебпазир сурат мегирад. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳои интихобшуда услубҳои инноватсионӣ дар шакли истифодаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ истифода карда мешавад. Ду давраи рушди барномавии минтақаҳои кишварро (вилоят, шаҳру ноҳияҳо) қайд намудан мумкин аст, ки он (1) барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо барои солҳои 2016-2020 ва (2) барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо барои солҳои 2021-2025 мебошад. Дар даҳсолаи охир кӯшиши арзёбии рушди минтақаҳо тавассути методикаи ҳисоби шохиси рушди инсонӣ таҷриба карда шуд, китоби дарсие ҳам марбути масъала нашр гардид ва монографияи илмӣ дар ду қисм низ оид ба натиҷаҳои ҳисоби чунин шохис дар 12 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нашр гардид. Албатта, ҳоло шохиси (индекси) рушди инсонӣ чун нишондиҳандаи бонуфузи рейтингии ҷаҳонӣ шинохта нашудааст, ҳарчанд методикаи ҳисоби он дар кишвар муайян карда шудааст. Методикаи ҳисоби шохиси (индекси) рушди инсонӣ аз интегратсияи се гурӯҳи нишондиҳаҳо асос магирад: (1) нишондиҳандаи тағйирёбии маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, (2) нишондиҳандаи дарознокии умр ва (3) нишондиҳандаи рушди маориф дар минтақа. Гуфтан ҷоиз аст, ки система ва услубҳои арзёбии сатҳи рушди минтақаҳо дар раванди доимии такмилот аст ва имрӯз ба ҷуз аз ҳисоби шохиси рушди инсонӣ, ҳисоби маҷмӯии нишондиҳандаҳои рейтинги минтақа мубрам гаштааст, ки ба он гурӯҳи бештари нишондиҳандаҳои арзёбии ҷанбаҳои гуногуни рушди минтақаҳоро дарбар мегирад, ки оиди он дар маърӯзаю мақолаҳои минбаъда мавриди назар хоҳем дошт.   
Бо мақолаи мазкур, мавриди назар қарор додани масъалаҳои рушди босуботи минтақаҳои кишвар ва мушкилоти аз сар гузаронидаи он дар сиюсе соли ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд. Яъне, вазифаи асосии мо бо мақолаи мазкур ин буд, ки ба хонандагон, махсусан ҷавонони азизи мо бифаҳмонем, ки шоҳроҳи асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ин сулҳу суботи сиёсӣ, оромиш дар кишвар мебошад ва самт ва сатҳи рушди минтақаҳоро дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст намуда, гуфта метавонем, ки имрӯз, Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилона ва бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумлаи давлатҳои рушдёфта эътироф шуда, тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисоди он мӯътадил гаштаанд ва мувофиқан, тамоми минтақаҳои кишвар дар ин давра ислоҳ ва рушд кардаанд. Дар 33 соли соҳибистиқлолият шудан Тоҷикистон, ки аз як кишвари ҷангзада бо мардуми пароканда, бо хатари аз байн рафтан ва порча-порча тақсим шудан рӯ ба рӯ буд, ба давлати мустақил, пешрав бо мардуми хушбахту ободкор, бо иқтисоду иҷтимоиёти устувор табдил ёфтааст ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. 

Алимов Анвар Латифович - мудири шуъбаи тадқиқоти институтсоналии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.и., узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷалилзода Дилшод Раҷабмурод - котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.и.