Таваллуд шудааст: 12 марти соли 1959.
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумоташ: олӣ – соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ:
солҳои 1981-1983 – устоди кафедраи “Молия ва қарз”-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.
солҳои 1983-1986 ¬ аспиранти Донишкадаи молияи ш. Москва.
солҳои 1987-1989 – устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
солҳои 1989-1993 – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Бонки манзилию иҷтимоӣ, муовини мудири шуъбаи Внешэкономбонки СССР, витсе-президенти Внешэкономбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон
солҳои 1993-2001 – мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
солҳои 2001-2006 – Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Франсия, сардори намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои европоӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва НАТО.
солҳои 2006-2007 – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
солҳои 2008-2012 – Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
солҳои 2012-2015 – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2015 вакил ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2020 №229 директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардидааст.