+992 (37) 221-67-50 Главная | Карта сайта | Контакты |
Декабрь 2021
Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan
Official Website: https://anrt.tj/en/
Национальная Академия наук Таджикистана
Официальный сайт: https://anrt.tj/ru/
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Сомонаи расмӣ: https://anrt.tj/tj/
Президент Республики Таджикистан
Официальный сайт: http://president.tj
President of the Republic of Tajikistan
Official Website: http://president.tj
WELCOME TO THE NEW OFFICIAL WEBSITE OF THE INSTITUTE OF ECONOMICS AND DEMOGRAPHY OF THE NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN!
WELCOME TO THE NEW OFFICIAL WEBSITE OF THE INSTITUTE OF ECONOMICS AND DEMOGRAPHY OF THE NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN!
Маҷаллаи иқтисодиёти Тоҷикистона №4
Шумо метавонед Маҷаллаи иқтисодиёти Тоҷикистонро аз сомонаи www.ekt.tj ба даст оред
Маълумотнома дар бораи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Муассисаи давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 №33 дар заминаи муттаҳид намудани ду институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Институти иқтисодиёт ва Институти демография таъсис ёфтааст.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020, №1505 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
Информация об Институте экономики и демографии НАНТ
Информация доступно только на таджикском языке
Information about the Institute of Economics and Demography of NAST
Information is available only in Tajik language
Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
21 декабри соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ва бо иштироки кормандони ИИваД АМИТ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
МИРСАИДОВ АВРОР БОБОЕВИЧ
Аз моҳи майи соли 2014 то инҷониб муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор
Соли таваллуд - 05 марти соли 1958
Ҷои таваллуд - ноҳияи Деваштич
Миллат - тоҷик
Таҳсилот - олӣ
соли 1980 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос - Иқтисодиёт ва ташкили хоҷагии қишлоқ
Унвони илмӣ - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Кадом забонҳои хориҷиро медонад - русӣ, немисӣ (бо луғат)
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не - соли 2015-2020 дар шаҳри Душанбе, ҳавзаи интихобии №69
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021 №213 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Вазъи оилавӣ - оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Суроға - шаҳри Душанбе, кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, 41, хонаи №15
Телефон: 904-44-60-12
Маълумот дар бораи доғи судӣ - надорад.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 09.1975 05.1980 Донишҷӯи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон
Солҳои 09.1980 09.1980 Сарлаборанти кафедраи иқтисодиёти ва идоракунии донишгоҳи хоҷагии қишлоқ
Солҳои 03.1967 11.1964 Ассисенти кафедраи иктисодиёти сиёсӣ
Солҳои 03.1990 08.1993 Сармуаллими кафедраи иктисодиёти сиёсӣ
Солҳои 09.1993 12.1995 Дотсенти кафедраи молия ва ҳисобгирии ДДХ ба номи Б.Гафуров
Солҳои 12.1995 01.2000 Мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ, профессор
Солҳои 03.1996 01.2005 Декани факултаи молия ва менеҷменти ДДҲБСТ
Солҳои 01.2005 01.2006 Мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ
Солҳои 01.2006 06.2012 Ноиби ректор оид ба илми ДДҲБСТ
Солҳои 09.2012 03.2013 Сардори раёсати тадқиқоти макроиқтисоди марказӣ тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ
Солҳои 03.2013 05.2014 Мудири шуъбаи иқтисодиёти бахши ҷамъиятӣ ва хизмати Институти иқтисодиёт ва демографияи АИҶТ
Солҳои 05.2014 то ҳол Муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илм ва таълим
ШАРИФ РАҲИМЗОДА
Аз моҳи апрели соли 2020 то инҷониб директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор
Соли таваллуд - 12 марти соли 1959
Ҷои таваллуд - ноҳияи Ҳамадонӣ
Миллат - тоҷик
Таҳсилот - олӣ
соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1986 Донишкадаи молияи шаҳри Москваро хатм кардааст
Ихтисос – Иқтисодчӣ
Унвони илмӣ – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не – солҳои 2015-2020 вакил ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Вазъи оилавӣ - оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Суроға - шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Турдиев №14
Телефон: 901-06-66-52
Маълумот дар бораи доғи судӣ - надорад.
Кор ва фаъолияти собиқа:
09.1976 08.1981 Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин)
09.1981 12.1983 Ассистенти кафедраи молия ва қарзи факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин)
12.1983 12.1986 Аспиранти Донишкадаи молияи шаҳри Москва
01.1987 12.1989 Ассистент, муаллими калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин)
12.1990 12.1990 Сардори Раёсат дар Бонки манзилию иҷтимоӣ
01.1991 03.1993 Муовини мудири шуъбаи Внешэкономбонки ИҶШС, ноиби Президенти Внешэкономбонки Тоҷикистон
02.1993 10.1993 Сармушовири Сарвари давлат оид ба сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ
10.1993 01.2000 Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон
01.2000 10.2001 Раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон
10.2001 12.2006 Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ва Франсия, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои аврупоӣ, Юнеско ва НАТО
12.2006 01.2008 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
01.2008 01.2012 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
01.2012 03.2015 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
03.2015 03.2020 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
04.2020 то ҳол Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
SHARIF RAHIMZODA
Таваллуд шудааст: 12 марти соли 1959.
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумоташ: олӣ – соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ:
солҳои 1981-1983 – устоди кафедраи “Молия ва қарз”-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.
солҳои 1983-1986 ¬ аспиранти Донишкадаи молияи ш. Москва.
солҳои 1987-1989 – устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
солҳои 1989-1993 – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Бонки манзилию иҷтимоӣ, муовини мудири шуъбаи Внешэкономбонки СССР, витсе-президенти Внешэкономбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон
солҳои 1993-2001 – мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
солҳои 2001-2006 – Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Франсия, сардори намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои европоӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва НАТО.
солҳои 2006-2007 – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
солҳои 2008-2012 – Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
солҳои 2012-2015 – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2015 вакил ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2020 №229 директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардидааст.