Information about the Institute of Economics and Demography of NAST

Submitted by IED.TJ on Monday, December 13, 2021 - 5:00pm

Information is available only in Tajik language

    Муассисаи давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 №33 дар заминаи муттаҳид намудани ду институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Институти иқтисодиёт ва Институти демография таъсис ёфтааст.
     Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020, №1505 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
Дар асоси номгузорӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Оинномаи Институт бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон №75 аз 6 июли соли 2020 тасдиқ шудааст. Шаҳодатномаи Институт таҳти №0281790 аз 24 июли соли 2020 ҳамчун Муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва рақами мушаххаси андозсупорандаи №010100119 дар нази Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштааст. Суратҳисобии бонкии Институт дар Сарраёсати марказии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мақсад ва вазифаҳои Институт дар асоси Оиннома:
- ҷалби нерӯҳои илмӣ барои ривоҷи самтҳои муҳимтарини таҳқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба иқтисодиёти муосир, ба даст овардани натиҷаҳое, ки барои пешрафти илмӣ-техникӣ ва тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа доранд;
- таҳияи тавсияҳо барои истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар хоҷагии халқ;
- таҳияи дурнамои инкишофи равандҳои иқтисодиёт ва демография;
- тарбияи кадрҳои илмии баландихтисос;
- такмили шаклҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмӣ;
- таъмини сатҳи баланди илмии таҳқиқотҳо, ба даст овардани натиҷаҳои дараҷаи баланди илмӣ дошта.
Ҳоло Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро дар доираи 1 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2024 ва 6 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии барои солҳои 2021-2025 пешбинишуда, ки аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, идома дода истодааст:
1. Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0120ТJ01039, аз 18.03.2020), зери роҳбарии н.и.и., А.А. Бобоев.
2. Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021), зери роҳбарии д.и.и. Каримова М.Т.
3. Таҳияи нақшаи рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1115, аз 15.03.2021), зери роҳбарии академики АМИТ, д.и.и., профессор Қаюмов Н.Қ.
4. Таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик (аз давраҳои қадим то асри XXI) (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1112, аз 15.03.2021), зери роҳбарии узви вобастаи АМИТ, д.и.и, профессор Л.Ҳ. Саидмуродзода.
5. Таҳияи макромодели иқтисодиёти хурди кушоди Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1113 аз 15.03.2021), зери роҳбарии н.и.и. Муминова Ф.М.
6. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии равандҳои демографӣ дар шароити рушди индустриаливу инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1117 аз 15.03.2021), зери роҳбарии н.и.и. Қодиров Ш.Ш.
7. Таъминоти институтсионалии рушди индустриалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1114, аз 15.03.2021), зери роҳбарии д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.
Вобаста ба лоиҳаҳои илмии амалкунанда айни замон дар Институт 7 шуъбаҳои илмии зерин фаъолият мекунанд:
1. Шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда (мудири шуъба - академик Қаюмов Н.Қ.);
2. Шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ (мудири шуъба - узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ.);
3. Шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ (мудири шуъба - д.и.и., Каримова М.Т.);
4. Шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ (мудири шуъба - д.и.и., профессор А.Рауфӣ);
5. Шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ (мудири шуъба - н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М.);
6. Шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ (мудири шуъба – н.и.и. Муминова Ф.М.);
7. Шуъбаи таҳқиқоти демографӣ (мудири шуъба - н.и.и. Субҳонов А.И.).
Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ба ҳолати 01 октябри соли 2021, ҳамагӣ 109 нафар корманд фаъолият мекарданд, ки аз онҳо 86 нафарашон корманди илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони илмӣ 77 нафарро кормандони илмии бастӣ (1 нафар академики АМИТ, 1 нафар узви вобастаи АМИТ, 8 нафар доктори илм, 23 нафар номзади илм, 46 нафар кормандони бе дараҷаҳои илмӣ, аз онҳо  - ходимони калони илмӣ 14 нафар, ходимони илмӣ 11 нафар, ходимони хурди илмӣ 16 нафар, лаборантони калон 5 нафар) ва 9 нафарро кормандони илмии ҳамкор (7 нафар доктори илм, 2 нафар номзади илм) ташкил медиҳанд.  
Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ 50 нафар магистрант, ки аз онҳо 22 нафар курси - 1 ва 28 нафар курси - 2, докторантони PhD - 46 нафар, ки аз онҳо 25 нафар курси -1, 13 нафар курси - 2 ва 8 нафар курси - 3, инчунин, 11 нафар аспирантон ва 69 нафар унвонҷӯён таҳсил мекунанд.  
Тибқи Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2017 №44, тамдид аз 08 ноябри соли 2019 №245 дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Шӯрои дисертатсионии 6D.КОА-021 таъсис дода шуда буд.
Баъд аз таъсиси Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то имрӯз аллакай 59 нафар рисолаи илмӣ дифоъ намуданд, ки аз онҳо 15 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Рӯйхати ҳимоякардаҳо дар соли 2018 - 10 нафар, соли 2019 - 18 нафар, соли 2020 – 18 нафар ва дар даҳ моҳи соли 2021 - 13 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии ҳимоянамудаҳо 23 нафар (8 нафарашон занҳо) унвонҷӯёни худи Институт ба ҳисоб мераванд.


         Котиби илмии
 Институти иқтисодиёт
ва демографияи АМИТ, н.и.и.                                     Ҷалилзода Д.Р.