May 2024

Имтиҳони маҷмӯии хатми зинаи докторантураи PhD

Submitted by IED.TJ on Wednesday, May 1, 2024 - 10:30am

 Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №328 ва фармоиши директори Институт аз 22 апрели соли 2024, №21 «Дар бораи санаи гузаронидани имтиҳони маҷмӯии хатми докторантони PhD» санаи 01 майи соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ имтиҳони маҷмӯии хатми зинаи докторантура PhD-и курси сеюм баргузор гардид.

Семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунанда дар мавзӯи «Проблемы развития экономической науки в Таджикистане»

Submitted by IED.TJ on Friday, May 3, 2024 - 2:41pm

 Санаи 3 майи соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзӯи «Проблемы развития экономической науки в Таджикистане» семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид, ки дар он сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии   Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ҷонмамадов Ш.Б. ва ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ н.и.и. Довгялло Я.П. баромад намуданд.

ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ.

Submitted by IED.TJ on Wednesday, May 15, 2024 - 10:50am

Бо мақсади баланд бардоштани арзишҳои миллӣ санаи 15-уми майи соли 2024 дар боғи «Истиқлол» бо иштироки занону духтарони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид, ки дар он бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, низ фаъолона иштирок намуданд.

10 мусоварраҳои қимматтарини дунё

Submitted by WWW.IED.TJ on Wednesday, May 15, 2024 - 9:11pm

Муҳтарам меҳмонони сомонаи мо, ин мавод бо мақсади васеъ кардани ҷаҳонебинии толибилмон аз ҷониби профессор Шариф Раҳимзода ҷамъоварӣ шудааст.

25 маслиҳатҳои муфид аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Submitted by WWW.IED.TJ on Thursday, May 16, 2024 - 9:50am

Муҳтарам меҳмонони сомонаи мо, ин мавод бо мақсади васеъ кардани ҷаҳонебинии толибилмон аз ҷониби профессор Шариф Раҳимзода ҷамъоварӣ шудааст.

Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон»

Submitted by IED.TJ on Monday, May 20, 2024 - 12:39pm

   Санаи 20-уми майи соли 2024 дар шаҳри Ланджоуи Ҷумҳурии мардумии Чин конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода иштирок ва дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Чин – дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ» презентатсия (рӯйнамо) намуда, зикр карданд, ки алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба роҳандозии ҳамкории фаъол бо Чин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ»,

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Submitted by IED.TJ on Tuesday, May 21, 2024 - 11:42am

   Санаи 21 майи соли 2024 таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ бо иштироки раёсат ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта баргузор гардид, ки дар ин чорабинии мазкур ходимони илмии ҷавони Институти иқтисодиёт ва демография иштирок намуданд.

Дарси кушод дар Донишгоҳи давлатии Ланджоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин

Submitted by IED.TJ on Wednesday, May 22, 2024 - 2:39pm

     Санаи 22-уми майи соли 2024 дар доираи сафари хизматӣ ва иштирок дар Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон» дар Донишгоҳи давлатии Ланджоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода дар мавзуи «Тақвияти муносибатҳои Тоҷикистону Хитой: механизмҳои рушд ва ташаккул» дарси кушод барои донишҷӯёну магистрони донишгоҳи мазкур доир намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Submitted by WWW.IED.TJ on Thursday, May 30, 2024 - 1:33pm

Муҳтарам олимону донишмандон!

Ҳозирини гиромӣ!

Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид.

Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.

Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/33541

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Submitted by WWW.IED.TJ on Thursday, May 30, 2024 - 1:33pm

Муҳтарам олимону донишмандон!

Ҳозирини гиромӣ!

Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид.

Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.

Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.

Мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Submitted by WWW.IED.TJ on Thursday, May 30, 2024 - 1:33pm

     30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илми кишвар мулоқот карданд.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳкими сиёсати андозӣ-буҷетӣ дар марҳилаи нави рушди мамлакат»

Submitted by IED.TJ on Friday, May 31, 2024 - 11:30am

Санаи 31 майи соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, №3 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2024» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳкими сиёсати андозӣ-буҷетӣ дар марҳилаи нави рушди мамлакат» баргузор гардид.