Санаи 22-уми майи соли 2024 дар доираи сафари хизматӣ ва иштирок дар Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон» дар Донишгоҳи давлатии Ланджоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода дар мавзуи «Тақвияти муносибатҳои Тоҷикистону Хитой: механизмҳои рушд ва ташаккул» дарси кушод барои донишҷӯёну магистрони донишгоҳи мазкур доир намуданд. Қайд гардид, сиёсати давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии мардумии Чин марҳила ба марҳила дар доираи сиёсати «дарҳои кушод» ва муносибати дӯстонаи роҳбарони ҳар ду давлат тақвият ёфта, ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни кишвар лоиҳаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ мегарданд. Шариф Раҳимзода вобаста ба ҷалби сармояи давлати Хитой барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон махсус таъкид намуда, саҳми ширкатҳои чиниро дар бунёду азнавсозӣ, сохтмони иншооти таъиноти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавидошта хуб арзёбӣ намуд. Махсусан, муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягии ду кишварро дар сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин иброз дошта, маҳз ҳамкориҳои дипломатӣ ва сиёсиро дар пешрафти ҳар ду мамлакат арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, оид ба ҳамкориҳои амниятиву волоияти қонун ва мубориза ба муқобили ҳама гуна таҳдидҳо дар дарси кушод қайд гардида, ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳоро бар зидди равандҳои номатлуби ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ зарур донистанд.
Донишҷуён ва магистрон дар навбати худ бо саволҳои гуногун оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой ба Директори институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода муроҷиат намуда, посухҳо гирифтаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки маҳз Ҷумҳурии мардуми Чин нахустин шуда, соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро пазируфт ва муносибатҳои сиёсиву дипломатиро барқарор намуд.