Апрел 2025

Соҳиби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) гаштани ходими илмии Институт

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 04/01/2025 - 16:55

Дар асоси Фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, № 95/ди ба ходими илмии шуъбаи моделсозӣ ва ояндабинии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ишматова Дилором Алишеровна дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) дода шуд. Рисола аз рӯи ихтисоси 6D050601 – Назарияи умумии иқтисодӣ дар мавзӯи: «Тамоюл ва хусусиятҳои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ.

ИСТИҚБОЛИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 04/08/2025 - 09:51

Санаи 8-юми апрели соли 2025 дар ҳошияи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини директори Институт оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. оғоз гардид.

ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 04/10/2025 - 14:19

Санаи 10-уми апрели соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (солҳои 2025-2030)», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025)», инчунин, 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсар