ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ!
Табрикоти директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Табрикоти директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ!
Санаи 18-уми октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI - уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, нақши ин руйдодро дар таърихи навини тоҷикон хеле соҳибаҳамият баррасӣ кард. Олимони ҷомеашинос аз қабили Убайдулло Насрулло, Қосимшо Искандаров, Неъматов А. ва дигарон маърӯза намуда, зимни баррасии мавзӯъ хотираҳои хешро ба ҳозирин бозгӯ карданд.
Санаи 31 октябри соли 2022 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо иштироки тамоми кормандони шуъбаҳои илмии Институт зери унвони «Моҳияти нақши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаи тантанавии мазкурро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ифтитоҳ намуда, зикр намуданд, ки Ичлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.
Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба таърихшинос ва шарқшиноси шинохтаи тоҷик, академик, муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07 майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат.
Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шудааст.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.
Бо браузери чандзабона ва маҳаллишуда ба забони тоҷикӣ ҳар гуна кор дар Интернет самараноктар ва осонтар аст, зеро ки корбарон метавонанд аз забони модарии худ истифода баранд, вазифаҳои барномаро бо забони тоҷикӣ хонанд ва кори худро ҳангоми кор бо браузер айнан иҷро намоянд.
COPYRIGHT © 2024, ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН