ИСТИҚБОЛИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК
ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ
Санаи 2-юми апрели соли 2025 дар ҳошияи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини директори Институт оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. оғоз гардид.
Сипас, сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, д.и.и., профессор Ҷонмамадов Ш.Б. дар мавзуи «Афкори иктисодии халки тоҷик дар давраи танзими давлатии иқтисодиёт» баромад намуданд. Зикр гардид, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти дарки равандҳои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии дорои иқтисоди бозаргонӣ мубрам гардид. Таъкид шуд, ки ин масъалаҳоро бе омӯзиши чуқури мероси бои маънавию моддии ниёгони тоҷикон ҳал кардан мумкин нест, чунки ҷузъи муҳими чунин мерос таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик мебошад.
«Дар ин марҳала, таъкид менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - ба фаъолияти давлати мо дар самти рушди ҳамкориҳои башардӯстона ва фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳон такони нав бахшидан зарур аст. Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст» (аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017).
Бе омӯзиши сарчашмаҳои ташаккули афкори иқтисодии халқи тоҷик, рушди таърихии он, равияҳо ва самтҳои ба вуҷуд омадани он тасаввуроти муносиби замони муосирро оид ба проблемаҳои иқтисодӣ, қабул, мутобиқ кардан ва истифода бурдани консепсияҳои мактабҳои пешқадами иқтисодии хоҷагии халқ, ки кори пурҷушу хуруши омӯзиши афкори иқтисодии ниёгон ва муосири моро дарбар мегирад, ба вуҷуд овардан имконнопазир аст.
Дар фарҷоми семинари назариявӣ муҳокимаи маърӯза доир гардид, ки дар он узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов А.Б., доктори илмҳои иқтисодӣ Хоналиев Н.Х., н.и.и. Алимов А.Л. ва н.и.и. Холбобоев Ф.С. иштирок карданд.







Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








