Санаи 10-уми апрели соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (солҳои 2025-2030)», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025)», инчунин, 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс, Ҳофизи Шерозӣ, ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон, ифтитоҳ гардид. Зикр карда шуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ илм ҷойгоҳи хоссаи худро касб намуда, махсусан, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад, ки пайваста вохӯрӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар доир мегарданд. Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи калидӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар маҳсуб мераванд.
Дар ҳамоиш маърузаҳои илмӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни илми иқтисод ва демография шунида шуданд. Аз ҷумла, мавзуъҳои «Анализ современного состояния сельскохозяйственного производства в Республике Таджикистан», «Резервы роста финансового потенциала национальной экономики Республики Таджикистан в процессе цифровизации», «Основные направления оптимизации аграрного водопользования в Таджикистане», «Гузариши демографӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |