Санаи 8-юми апрели соли 2025 дар ҳошияи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини директори Институт оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. оғоз гардид.
Сипас, ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда Абдухолиқов У.А. дар мавзӯи «Рушд ва ҷойгиркунии комплекси сохтмони Тоҷикистон (муаммо, тамоюл, дурнамо) баромад намуданд. Дар маърӯза нишондиҳандаҳои асосии рушди комплекси сохтмон, нақши он дар саноатикунии иқтисодиёт дар асоси масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 вобаста ба соҳаи сохтмон гузошта шудаанд, таҳлил шудааст.
Дар фарҷоми семинари назариявӣ муҳокимаи маърӯза доир гардид, ки дар он доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рауфи А., доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шарифзода Б.М., доктори илмҳои иқтисодӣ Хоналиев Н.Х., номзади илмҳои иқтисоди Холбобоев Ф.С. ва мудири шуъбаи тахқкиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, номзади илмҳои иқтисодӣ Махкамов Б.Б. иштирок карданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |