ХОНИШИ СИЁСӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 04/04/2025 - 09:01

ИСТИҚБОЛИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК 
ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Санаи 4-уми апрели соли 2025 дар ҳошияи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини директори Институт оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. оғоз гардид.
Сипас, ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, н.и.и. Бобозода А. дар мавзуи «Муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ дар замони муосир» баромад намуданд. Ба ҳозирин масъалаҳо марбут ба асосҳои назариявии идоракунии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар давраи муосир, вазъи бозори меҳнат  ва муҳоҷират ҳамчун категорияҳои пайваста дар татбиқи сиёсати шуғли аҳолӣ, қонунгузории миллӣ дар самти муҳоҷират ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон,  ҷаҳонишавии ҷараёни муҳоҷирати байналхалқӣ ва муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, диверсификатсияи муҳоҷирати  меҳнатии берунаи шаҳрвандони  Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои таҳқиқшуда бо назардошти ҷамъбасти хулосаҳо, пешниҳод карда шуд.
Ходимони илмии Институт доктори илмҳои иқтисодӣ Хоналиев Н.Х., н.и.и., дотсент Абдуалимов Б.А., н.и.и. Обидов К.Р., н.и.и. Раҷабов Қ., н.и.и. Алимов А.Л. ва дигарон дар қисмати муҳокимаи маъруза хеле фаъолона иштирок карданд ва доир ба афзалиятнокии масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити муосир, ҳалли мушкилоти он барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва равона кардани самти муҳоҷират ба раванди рушди кишвар фикру ақидаи худро пешниҳод карданд.
 

Меню: