Аз моҳи ноябри соли 2017 то инҷониб котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.и.
Соли таваллуд - 01 ноябри соли 1974
Ҷои таваллуд - шаҳри Ваҳдат
Миллат - тоҷик
Таҳсилот - олӣ
соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷураев ва соли 2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос - омӯзгор, иқтисодчӣ
Унвони илмӣ - номзади илмҳои иқтисодӣ.
Кадом забонҳои хориҷиро медонад - русӣ, форсӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не - соли 2005-2010 дар шаҳри Ваҳдат, ҳавзаи интихобии №3, маркази шаҳр
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021 №213 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Вазъи оилавӣ - оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Суроға - шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20 - солагии Истиқлолият, хонаи 11, ҳуҷраи 7
Телефон: 919-39-74-38
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1991-1992 лаборанти мактаби миёнаи №44, шаҳри Ваҳдат
Солҳои 1992-1999 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев
Солҳои 1997-2000 Муаллими фанни алифбои ниёгони гимназия – литсейи ба номи Балъамӣ
Солҳои 2000-2002 Ҷонишини директори гимназия-литсейи ба номи Балъамӣ, оид ба қисми таълиму тарбия
Солҳои 2002-2005 Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр (ёрдамчии Раиси шаҳри Ваҳдат)
Солҳои 2005-2007 Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Ваҳдат
Солҳои 2007-2008 Ҷонишини директори генералии ҶДММ «Наврӯз»
Солҳои 2008-2012 Сармутахассиси шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотӣ ва ташкилии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2013 Ҳамоҳангсози лоиҳавии Фонди ҷамъиятии «Панорама»
Солҳои 2013-2017 Ҳамоҳангсози лоиҳавии Ташкилоти Ҷамъиятии «Маркази Рушди Инноватсионӣ»
Солҳои 2015-2017 Магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз моҳи июл то моҳи ноябри соли 2017 Ходими калони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Аз ноябри соли 2017 то ҳоло Котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бо «Ифтихорнома»-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, «Ифтихорнома»-и Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и фахрии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.



