Санаи 31 октябри соли 2022 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо иштироки тамоми кормандони шуъбаҳои илмии Институт зери унвони «Моҳияти нақши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаи тантанавии мазкурро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ифтитоҳ намуда, зикр намуданд, ки Ичлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ мебошад. Зеро, иҷлосияи мазкур барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти мамлакат, Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, дар ҷаласа мудири шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, академики АМИТ, д.и.и., профессор Қаюмов Н.Қ. ва сарходими илмии Институт, д.и.к. Садридинов С. оид ба баргузории Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воқеаи таърихии сарнавиштсоз баромад намуданд. Зикр гардид, ки имрӯз, ки дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу ваҳдати миллӣ комилан пойдор аст, миқёси бузурги корҳои ободониву созандагӣ бо шарофати сулҳу ваҳдати воқеӣ ва ба туфайли дар атрофи Сарвари фозилу дурандеши давлат, Қаҳрамони миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гаштану бо садоқат баҳри амалишавии ҳадафҳои бунёдкорона камари ҳиммат бастани ҳар як фарди кишвар имконпазир гардидааст, идеологияи миллӣ ва сиёсии мо бояд устувор бошад.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |