Табрикот ба Пешвои миллат

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 10/05/2022 - 11:00

Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ!
 

Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Раёсати Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва кулли кормандони ин муассиса зодрӯзи Шуморо самимонаву содиқона ва бо арҷгузорӣ ба хидматҳову қаҳрамониҳоятон, аз сидқи дил муборакбод намуда, ба Шумо – ҳамчун шахсияти таърихсоз, Сарвари оқилу фарзона, Роҳбари адолатпарвару хирадманд, ятимпарвару ҷавонпарвар, меъмори бинои давлатдории миллӣ, ҳомии манфиатҳои миллат тани сиҳат, рӯзгори обод ва дар кори идораи давлат комёбиҳову муваффақиятҳои беназир таманно менамоянд!
 

Тоҷикӣ

Меню: