Конференсияи илмӣ-амалӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 10/18/2022 - 14:24

Санаи 18-уми октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI - уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, нақши ин руйдодро дар таърихи навини тоҷикон хеле соҳибаҳамият баррасӣ кард. Олимони ҷомеашинос аз қабили Убайдулло Насрулло, Қосимшо Искандаров, Неъматов А. ва дигарон маърӯза намуда, зимни баррасии мавзӯъ хотираҳои хешро ба ҳозирин бозгӯ карданд. Ҳамзамон, дар кори конференсияи мазкур муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар пойдории ҷомеаи мутташакили ратсионалӣ» баромад (презентатсия) намуданд.

Тоҷикӣ

Меню: