Санаи 11-уми октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» бо иштироки роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкурро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки «имрӯз муносибатҳои Русия бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хусусияти шарикии стратегӣ доранд. Сарфи назар аз равандҳои мураккаби солҳои охир, ба ҳеҷ кас муяссар нашуд, ки мамлакатҳои моро парешон кунад. Боварии дуҷонибаи сиёсӣ бар хилофи баъзе интизориҳо, ба рушди босуръати тиҷорат ва густариши муносибатҳои бисёрҷониба мусоидат мекунад».
Гуфта шуд, ки сарфи назар аз тағйирот дар вазъияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба таҷрибаи пурарзиши се даҳсолаи охир эътимоди сиёсии сатҳи баланд, ҳамкории мутақобилан судмандро тавсеа бахшида, дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ муштаракан нақши мусбат хоҳанд дошт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки таърихи муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пур аз намунаҳои ҳамкориҳои самаранок дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад. Ин робитаҳо заминаи устуворе шуданд, ки бар пояи он саҳифаи нави рушди муштараки мо ташаккул меёбад. Имрӯз, дар замоне ки башарият бо чолишҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мешавад, илм ва навоварӣ ба забони умумие табдил ёфтаанд, ки роҳро ба сӯи тафоҳуми мутақобила ва ояндаи устувор мекушояд. Таъкид гардид, ки дар замони муосир дониш, таҳқиқот ва технологияҳо аҳамияти стратегии бештар касб мекунанд. Онҳо марз надоранд ва мардумро бо ҳадафи расидан ба некӯаҳволӣ ва пешрафт муттаҳид месозанд.
Кори Форум пас аз баромадҳои ифтитоҳӣ идома ёфта, ҷаласаҳои пленарӣ дар ду бахш (сессия) идома ёфт, ки дар яке аз ин бахшҳо сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ба ҳайси раисикунанда кори Форумро пеш бурда, дар мавзўи «Общее экономическое пространство и общее будущее» рўйнамо (презентатсия) намуданд.
Дар натиҷаи кори форум дидгоҳу пешниҳодҳои амалие таҳия хоҳанд шуд, ки ба таҳкими шарикии стратегии байни Федератсияи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 10 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҳамоиши сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок намуданд.












Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.



