Супоридани мукофоти соҳавӣ

Submitted by IED.TJ on Friday, October 3, 2025 - 11:46am

Санаи 03-юми октябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо иштироки мудирони шуъбаҳо ва ходимони илмӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа барои хизматҳои чандинсола дар соҳаи илм ва маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи ҷавонон ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., дотсент Шарифзода Баҳром Маҳмуд бо мукофоти соҳавии нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Коллективи кормандон ва Иттифоқи касабаи муассиса бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҷоизадорро муборакбод гуфта, ба ӯ дар корҳои эҷодиашон муваффақиятҳои бештарро таманно доранд.