Ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони муосир!

Submitted by IED.TJ on Friday, June 13, 2025 - 10:19am

Санаи 13-уми июни соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар доираи ҳамкориҳои муштарак бо Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ, таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони муосир» баргузор гардид.
Дар кори конференсия академики АМИТ - Кароматулло Олимов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ, д.и.т. Қурбонова Ширин, директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор - Ҳайдарзода Рустам Ҷура, муовини директор оид ба корҳои илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ - д.и.ҳ., профессор Дониёр Сангинзода, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.и. Муҳаммадализода Парвина, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Зубайдулло Давлатов, инчунин, роҳбарият ва мудирони шуъбаҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ иштирок доштанд.
Ҳамоиши мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон оғоз намуд. Зикр гардид, ки музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Роҳбари давлат, боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Дар ҳақиқат Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Маҳз бо кӯшишхои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандист ва вахдату сулҳ падидор аст.
Сипас, академики АМИТ - Кароматулло Олимов доир ба Ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Тибқи Барномаи конференсияи мазкур Ш.Раҳимзода - д.и.и., профессор дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ва иқтисодиёт», муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ, д.и.т. Қурбонова Ширин дар мавзуи «Ваҳдат бузургтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол», ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Зубайдулло Давлатов дар мавзуи «Ваҳдати миллат - устувории давлат» ва узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Саидмуродзода Л.Ҳ. дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ва ташаккули иқтисодиёти конститутсионӣ» маърӯза карданд.
Дар интиҳо зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургеро иҷро кардааст.