22 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, олимону коршиносони самти муҳоҷират, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори конференсияи илмӣ-амалӣ муҳокимаи масъалаҳо доир ба татбиқи сиёсати давлатӣ ва танзими равандҳои муҳоҷират; ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ барои таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон; роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷудбуда дар фаъолияти диаспораҳои тоҷик, сиёсати давлатӣ оид ба диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии беруна; тавассути рушди ҳамкориҳо бо диаспораҳо, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ нигоҳ доштани забони модарӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ; вазъи демографӣ ва муҳоҷират ҳамчун яке аз мушкилоти глобалии замони муосир дар ҷаҳони имруза ва ѓайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз натиҷаи кори конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ пешниҳоду хулосаҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи амалии он дар амалияи танзими он қабул карда шуд..