Эмомалӣ Раҳмон – барпокунандаи давлати навини соҳибистиқлол ва пайвандгари мардуми шарифи Тоҷикистон

Submitted by IED.TJ on Friday, November 15, 2024 - 1:29pm

 Ба истиқболи 16-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. 15-апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни мазкур рӯзи президентро ворид гардонданд, ки дар асоси он ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби халқи тоҷик таҷлили он ҷашни муҳим ва бузургдошт ба роҳ монда шудааст.
 Маҳз дар ҳамин санаи мубораки таърихӣ саргузашти миллати тоҷик аз чанд ҷониб тақдирсоз ва фаромӯшнашаванда гардидааст. 16-ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Пас аз ду сол 6-ноябри соли 1994 дар баробари қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории халқи кишвар Президенти мамлакат интихоб гардиданд. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз гардид ва дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. 
 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даст дар болои Конститутсия бинобар садоқату вафодорӣ ба таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, кафолати шаъну шарафи ҳар як сокини кишвар, ҳифзи сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ва хизмати софдилона ба халқу Ватани хеш савганд ёд намуданд. 
Замоне ки фарзанди барӯманди тоҷик ва номбардори халқ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарӣ қадам гузоштанд, вазъияти кишвар дар он лаҳзаҳо хеле муташанниҷ ва даҳшатангез буд. Ҳамин тавр, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсе шуданд, ки дар марҳилаи мураккабтарини миллату давлат масъулияти сарварии кишварро ба дӯши худ гирифтанд, ва ҷони худро дареғ надошта, бо заҳмату талошҳои зиёд, бо тадбирҳои хирадмандона ва дурандешона, матонату заковат, ҷасорату мардонагӣ ва қавииродагии беҳамтои худ тавонистанд ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, давлатро аз несту нобудшавӣ раҳо намоянд. 
Ҳамин тавр, бо азму талоши зиёд, чусту чолокӣ ва иродаи қавии бевоситаи сарвари давлат мардуми парешон сарҷамъ гардида, садҳо ҳазор ғарибон ва гурезагон ба ватан баргардонда шуданд. Дар як муддати кӯтоҳ Пешвои муаззами миллат кишвари харобгаштаро обод гардонда, иншоотҳои назаррасро ба вуҷуд оварданд. 
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Тамоми ҳаётамро, орзую андешаҳоямро фикру зикрамро фидои имрӯзу фардои неки халқи азизам ва Тоҷикистони маҳбубам месозам».
 Имрӯзҳо пойтахти диёри нозанинамон Душанбе сарсабзу хуррам ва гул- гул шукуфон гардидааст. Инчунин, ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистони биҳиштосои мо низ ободу зебо гардидааст. Як қатор биноҳои замонавӣ, биноҳои таълимиву тандурустӣ, корхонаву мақомотҳо низ сохта шуда ба истифода дода шудаанд. Ба ҳамаи ин дастовардҳо маҳз бо сиёсати хирадмандона, дурандешона ва саъю кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гаштаем.
Ҳамзамон, бо шарофати сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол ва мутамаддин дар арсаи байналмилаллӣ низ эътироф гардидааст. Ҳамкориҳои самарабахш бо дигар давлатҳо аз сари нав барқарор шуданд, ки он боиси рушду тараққиёти иқтисодиёти кишвар гардид.
Дар айни замон, мардуми шарифи Тоҷикистон Пешвои муаззами миллатро ҳамчун наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, ватандӯсту ватанхоҳ, бунёдгузори мактабдории муосири миллӣ эътироф намуда, ба ҷойгоҳи Пешвои миллат расиданашонро аз самими қалб бо ҷону дил пазируфтаанд.
Симои Пешвои муаззами миллат чун шахси сулҳофару сулҳпарвар, тамаддунофар, пойдоркунандаи давлат, ба ҳам пайвасткунандаи миллат, нексиришту нексират, ғамхору адолатпеша дар қалби ҳар як фарди тоҷик таҷассум гардидааст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11-декабри соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдор намудани сулҳу осоиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.
Ба сарвари давлати Тоҷикистон шаъну шарафи ҳам зоҳирӣ ҳам ботинӣ, маҳорати хуби идоракунӣ, фикрронии оқилонаву хирадмандона, дарки вазъиятҳои гуногуни кишвар муносиб мебошанд, ки хизмату фаъолияти хешро сидқан нисбат ба халқи худ иҷро менамоянд.
Дар давоми 33 сол сипарӣ гардидани ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, шахсияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои барҷаста, дастовардҳои назаррас ва муқаддасоти миллӣ дар дохили кишвар ва берун аз он машҳуру маъруф гардидаанд. 
Мо мардуми шарифи Тоҷикистон бо чунин роҳбари раҳнамо, оқилу доно ва одилу хайрхоҳ ифтихор мекунем, ва умедворем, ки рушду нумӯи давлат, ояндаи дурахшон, сарсабзии кишвар доимо насиби диёри номдорамон мегардад. 
 Муҳиммияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки кулли хурду бузурги кишвар фаъолияти пурсамар ва ибратбахши Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд қадр намоянд. Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи соҳибистиқлолӣ, тинҷиву амонӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, волояти қонун, озодии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, пойдориву устувории давлат, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, якдилии кулли мардуми кишвар сарсабзиву хуррамии диёри нозанинамон мебошад.
Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамватанони азизу гиромиқадр муборак бошад!

Аюбӣ Фируза – номзади илмҳои иқтисодӣ,

ходими пешбари шӯъбаи таҳқиқоти институтсионалии

Институти иқтисодиёт ва демографияи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон