Шурои олимон

Submitted by IED.TJ on Thursday, October 31, 2024 - 10:00am

     Санаи 31.10.2024  ҷаласаи Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  баргузор гадида ҷаласа масълаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифта қарорҳои дахлдор қабул карда шуд:

1. Доир ба интизоми меҳнат ва иштироки кормандон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Мирсаидов А.Б., иттифоқи касаба, шуъба кадрҳо – 
2. Арзёбии фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ дар шуъбаи кадрҳо ва шуъбаҳои илмии Институт. Мирсаидов А.Б. – муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор
3. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021)  Каримова М.Т. – роҳбари илмии лоиҳа, д.и.и., дотсент 
Шурои олимон вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома доир ба «Интизоми меҳнат ва иштироки кормандон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ» қарор кард:
 1. Гузориши Мирсаидов А.Б. – муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор «Доир ба интизоми меҳнат ва иштироки кормандон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ» қаноатбахш арзёбӣ карда шавад.
2. Инспектори калон оид ба кадрҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Зиёева М.С. ва раиси Иттифоқи касабаи Институт Шарифзода Б.М. вазифадор карда шаванд, ки назорати иҷрои бандҳои Шартномаи меҳнатии кормандон бо муассисаро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд. 
3. Мудирони шуъбаҳои илмии Институт вазифадор карда шаванд, ки риояи интизоми меҳнат ва қоидаҳои амал дар шуъба ҷоннок карда шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. ва инспектори калон оид ба кадрҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Зиёева М.С. вогузор карда шавад.
 Шурои олимон вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи арзёбии фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ дар шуъбаи кадрҳо ва шуъбаҳои илмии Институт қарор кард:
1. Гузориши муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. «Дар бораи арзёбии фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ дар шуъбаи кадрҳо ва шуъбаҳои илмии Институт» мусбӣ арзёбӣ карда шавад.
 2. Мудирони шуъбаҳои илмӣ ва шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Институт вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади пешбурди босифати ҳуҷҷатгузорӣ талаботи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017 таҳти №358 тасдиқ гардидааст, қатъиян риоя намоянд.
3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. ва котиби илмии Институт, н.и.и., Ҷалилзода Д.Р. вогузор карда шавад.
Шурои олимон вобаста ба масъалаи сеюми рӯзнома оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021) қарор кард:
 1. Гузориши Каримова М.Т. - роҳбари илмии лоиҳа, д.и.и., дотсент оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021) мусбӣ арзёбӣ карда шавад.
 2. Натиҷаҳои асосии илмии лоиҳа дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва таҳқиқоти амалӣ, ки дар давраи сипаришуда ба даст оварда шудааст, ҳамчун мақола ва ё гузориши илмӣ дар маҷаллаи «Иқтисодиёти Тоҷикистон» ва дигар маҷаллаҳои илмӣ, инчунин, дар шакли гузориш ба мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол карда шавад.
 3. Мудири шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, д.и.и., дотсент Каримова М.Т. вазифадор карда шаванд, ки кори шуъбаро вобаста ба барномаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ҳар як ходими илмӣ ҷоннок намуда, дар самти нашри натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ аҳамияти зарурӣ диҳанд.
 4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. ва котиби илмии Институт, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. вогузор карда шавад.