ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҒИЗО. Дар Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб меравад

Submitted by IED.TJ on Wednesday, October 16, 2024 - 11:10am

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии ғизо муқаррар шудааст. Он соли 1979 дар конференсияи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) эълон шуда, ҳадафи асосии ин сана — баланд бардоштани маълумот ва огоҳии мардум доир ба мушкилоти вобаста ба озуқаворӣ дар ҷаҳон аст. 

Дар Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, барои таъмини аҳолии мамлакат бо озуқа тадбирҳо меандешад. Бо ин мақсад «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул гардиданд, ки самти асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат бо меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд. Мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқа аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ, содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад.

Дар ин замина ҳамзамон бобати рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ тадбирҳои судманд андешида шудаанд, ки барои амалӣ гардидани нақшаҳои муҳим замина мегузоранд. Бинобар ин таваҷҷуҳ бояд ба он равон карда шавад, ки маҳсулоти хӯрокворӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд пешкаш гардад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ оид ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, васеъ намудани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин рӯ, барои амнияти озуқавории мамлакат истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, бо ҳамин роҳ гирифтани то се- чор ҳосил ва захира намудани озуқаворӣ зарур аст.

Дар замони истиқлолият маданияти истифодаи замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъа замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад. Ин ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 иброз доштанд, ки «тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем. Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфт».

Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар ҷумҳурӣ ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.

Солҳои охир дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида натиҷаҳои мусбат дода, дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 52,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  11,4 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 39,1 миллиард сомониро ташкил дода, 11,9 фоиз ва чорвопарварӣ 13,1 миллиардро ташкил дода, 9,8 фоиз афзудааст.

Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 74,9 фоиз ва чорвопарварӣ ба 25,1 фоиз баробар гардид. Суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба нишондиҳандаи суръати рушди ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 3,5 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1506,7 ҳазор тонна, картошка- 937,4 ҳазор тонна, сабзавот- 2669 ҳазор тонна, полезӣ- 1028,3 ҳазор тонна, мева- 614,8 ҳазор тонна, ангур- 196,3 ҳазор тонна, гӯшт- 213,6 ҳазор тонна, шир- 723,3 ҳазор тонна, тухм- 891,3 миллион дона, асал- 4259,7 тонна ва моҳӣ ба 2908,6 тонна расонида шуд. Ҳамзамон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо 6,2 фоиз, картошка 16,5 фоиз, сабзавот 8,9 фоиз, полезӣ 12,4 фоиз, мева 20,1 фоиз, ангур 32,6 фоиз, гӯшт 5,6 фоиз, шир 5 фоиз, тухм 3,2 фоиз, асал 4,9 фоиз ва моҳӣ 4,6 фоиз зиёд шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба ҳолати 1 январи соли равон 2070 гектар, аз он замини обӣ 3135 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Ин раванд дар мамлакат идома дорад.

 Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»