Истиқлолият – пояи дастовардҳои миллӣ

Submitted by IED.TJ on Friday, August 9, 2024 - 1:25pm

Боиси ифтихор аст, ки имсол мардуми бонангу шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 – солагии истиқлолияти миллии давлатиро бо дасторвардҳои беназир ва нодир, инчунин зери руҳияи баланди худшиносии миллӣ таҷлил менамоянд. Таърихан истиқлолият калимаи муқаддас ва бузург ҳисобида шуда, ҷиҳати ба даст овардани он садсолаҳо мубориза мебаранд. Маҳз, ба туфайли истиқлолият ҳар як давлати алоҳида ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.
 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ – ҳамчун кишвари соҳибистиқлол пайваста татбиқи барномаҳои хусусияти стратеги дошта ва тадбирҳои зиддибӯҳрониро амалӣ гардонида, дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, танҳо дар соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки дар натиҷаи устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири манфии таконҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, инчунин афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8,3 фоиз нигоҳ дошта шуданд. Чунин дастовардҳо боиси он гардидааст, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум баланд гардида, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 млрд. сомонӣ ба 87 млрд. сомонӣ расонида шуда, ки 2,1 маротиба афзоиш ёфт. Албатта ин ба сатҳи камбизоатии аҳолӣ таъсири бевоситаи худро расонида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.
Дар шароити муосир сиёсати ҳар як давлати алоҳида ба таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ аз ҳисоби иқтидори дохилӣ нигаронида шуда, дар ин ҷода яке аз масъалаҳои муҳим ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар ин давра зиёда аз 900 ҳазор, хусусан танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд, ки ба беҳтар гардонидани вазъи шуѓли аҳолӣ мусоидат намуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати давлат бевосита ба зиёд намудани шумораи корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ нигаронида шуда, дар натиҷаи чунин сиёсат бунёди шумораи корхонаҳои саноатӣ дар замони истиқлолият ба 2800 адад расонида шуд.
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар кишвар қисми зиёди даромади буҷети давлатиро даромадҳои андозӣ ташкил менамоянд. Бинобар ин, зиёд шудани шумораи корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ дар кишвар боиси ѓанӣ гаштани қисми даромади буҷети давлатӣ мегардад. Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2022-юм қисми даромади он ба 33 млрд. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2018-ум 38% зиёд мебошад.
 Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, дар солҳои охир барои боз ҳам рушд додани он зиёда аз 36 млрд. сомонӣ равона гардидааст. Ба ҳисоби миёна вазъи қиёсии ин ду соҳаи иҷтимоӣ дар байни дигар соҳаҳои хоҷагии халқ зиёд буда, ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44%-ро ташкил намудааст. Дар натиҷа, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соҳаи маориф 842 адад бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, хусусан дар соли 2022-юм 190 адад бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 33 соли соҳибистиқлолии давлатӣ хеле зиёд мебошад. Натиҷаи чунин дастовардҳоро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвари азизамон мушоҳида намудан мумкин мебошад. Дар ин давраҳо робитаҳои иқтисодию сиёсии кишвар бо дигар давлатҳои ҷаҳон боз ҳам хубтар ба роҳ монда шуда, комёбиҳои зиёд дар ин самт низ ба даст оварда шудаанд. Дастовардҳое, ки дар боло зикр гардидаанд ин ҳиссае аз дастовардҳои кишвар мебошад, ки бо меҳнатҳои софдилонаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст.
Бо рӯҳияи баланд қайд кардан зарур аст, ки соҳибистиқлолии давлатӣ имконияти зиёд барои ба даст овардани рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, эмин нигоҳ доштани манфиатҳои давлат аз ҳаргуна хавфҳои эҳтимолие, ки аллакай чандин давлатҳои ҷаҳон аз сар гузаронида истодаанд, инчунин самаранок истифода намудани иқтидорҳои мавҷудаи дохилӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро медиҳад.
Амалӣ гаштани чунин тадбирҳо боиси баланд гардидани рақобатнокии маҳсулотҳои ватанӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва берун аз он, тақвият ёфтани сиёсати содиротии кишвар, ташаккули иқтисоди сабз, суръатёбии раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, инчунин, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ мегардад.
Дар охир гуфтан зарур аст, ки бигзор 33 солагии истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон дастовардҳои назаррас, барои ҳар як шаҳрванди кишвар бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои хеле зиёдро оварад.                             
       

мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии ИИД АМИТ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ, 
Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло