Нақши истиқлолият дар таҳкими равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ бо кишварҳои СҲШ

Submitted by IED.TJ on Wednesday, August 7, 2024 - 9:33am

Дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодиёти байналмилалӣ масъалаҳои таҳкими равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол самти афзалиятноки сиёсати хориҷиву дохилӣ ба шумор меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан ба равандҳои ҳамгироӣ ва иштироки фаъол дар тақсимоти байналхалқии меҳнат аз нуқтаи назари татбиқи манфиатҳои хеш басо муҳим арзёбӣ мегардад ва пиёда гардонидани ҳадафҳои миллӣ дар чунин шароит аз истиқлолияти миллӣ вобастагии калон дорад.
Қобили зикр аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин мушкилот, аз қабили муайян кардани сарҳадҳои давлатӣ, вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ, надоштани таҷриба дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва бунёди давлатдорӣ ва ғайра дучор мешуданд. Аммо, аз тарафи дигар, кишварҳои навтаъсис соҳиби имкониятҳои бузург шуданд. Яке аз ин имкониятҳо рушди равандҳои ҳамгироӣ ва воридшавии муваффақона ба иқтисоди ҷаҳонӣ дар доираи робитаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ буд.
Дар шароити ташаккулёбии истиқлолияти миллӣ яке аз омили муҳимтарини пешрафти муносибатҳои бисёрҷониба арзёбӣ гашта, дар низоми фаъолияти хоҷагии ҷаҳонӣ нақши калидиро иҷро менамояд. Яке аз чунин ташкилоти минтақавии байналмилалӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон нуфузи калон пайдо кардааст, Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
Таъсиси СҲШ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ сурат гирифта, дар марҳилаҳои гуногун рушд намуд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар марҳилаи аввали рушди давлатдории худ қарор доштанд, дар бораи эҷоди чунин механизме фикр мекарданд, ки амнияти сиёсӣ ва иқтисодии онҳоро таъмин карда тавонад ва инчунин, таъсиси чунин механизм ба ташаккули равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат кунад.
Тавре ки маълум аст, Панҷгонаи Шанхай соли 1996 таъсис ёфта буд. Муколамаи шадиди байни кишварҳои узви ин созмон 20 сол пеш оғоз шуда буд. Соли 1996 аввалин мулоқоти сарони панҷ давлат - Русия, ҶМЧ, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Шанхай баргузор гардид. Иштироккунандагони саммит Созишнома дар бораи эътимод ба соҳаи низомӣ дар минтақаро имзо карданд. Дар асоси ин созишнома як иттиҳодияи сиёсӣ бо номи "Панҷгонаи Шанхай" ба вуҷуд омад.
Бояд қайд кард, ки маҳз дар даврони истиқлолият дар Тоҷикистон масъалаи ба СҲШ табдил додани Панҷгонаи Шанхай ба миён омад. Дар Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни нишасти сарони давлатҳо 5 июли соли 2000 тағйир додани Панҷгонаи Шанхай ба Созмони Ҳамкории Шанхай қадами таърихӣ гузошта шуд. Инчунин, дар таъсиси чунин механизми танзимкунандаи муносибатҳои бисёрҷонибаи кишварҳои узви созмон ҳама манфиатдор буданд ва аз ин лиҳоз, кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай барои табдил додани он ба сохтори минтақавии ҳамкориҳои бисёрҷониба тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд.
Ҳамин тариқ, дар Эъломияи Душанбе ҳадафҳо, афзалиятҳо, вазифаҳо, самтҳои муҳими фаъолият, рушди минбаъдаи фаъолияти ин ташкилоти байналмилалии минтақавӣ муайян гардид. Маҳз аз ин нуқтаи назар бо боварии комил тасдиқ кардан мумкин аст, ки Саммити Душанбе дар тағйироти Панҷгонаи Шанхай ба ташкилоти байналмилалии минтақавӣ заминаи устувор гузошт. Бинобар ин, таъкид кардан мумкин аст, ки саҳми Тоҷикистон дар ташаккулёбии СҲШ ҳамчун яке аз таъсисдиҳандагони ин созмон басо муҳим арзёбӣ мегардад. 
Ҳамкории иқтисодӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ дар марҳилаи кунунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии хориҷии давлат ва шарти зарурии шомилшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони СҲШ таҳкими равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои узви ин созмон самти афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 179 кишвар муносибатҳои дипламатиро ба роҳ монда, иштирокчии фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва инчунин, яке аз муассисони СҲШ мебошад. Тоҷикистон дорои конҳои калони нуқра, сангҳои қиматбаҳо, тилло, ангишт, маъданҳои полиметаллӣ, маъдани алюминий, инчунин, захираҳои зиёди уран мебошад (мувофиқи маълумоти баъзе коршиносон, он 16% захираи ҷаҳонро ташкил медиҳад). Илова бар ин, Тоҷикистон дорои потенсиали бузурги гидроэнергетикӣ, конҳои маъданҳои фоиданок ва инчунин, иқтидори бузурги сайёҳӣ мебошад. Ҳудуди Тоҷикистон 141 ҳазор км. мураббаъ аст. Инчунин, Тоҷикистон маконҳои ҷолиби сайёҳӣ дорад ва таваҷҷуҳи зиёдро ҷалб мекунад.
Маҳз бо шарофати истиқлолият иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои гуногуни байналмилалии минтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ҳам дар фазои СҲШ ва ҳам берун аз он мусоидат кард. Пӯшида нест, ки барои кишварҳои бузурги узви СҲШ, Осиёи Марказӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хосса дорад. Ба ақидаи коршиносон, кишварҳои узви он 16,3% қаламрави ҷаҳон, 25% захираҳои кашфшудаи табиӣ, 10% потенсиали саноатии ҷаҳонро доранд. Рушди ин минтақа ва саҳми сармоягузорӣ ба он барои кишвар СҲШ бахусус барои Чин судманд арзёбӣ мегардад.
Бояд қайд кард, ки бо шарофати истиқлолият дар раванди рушди ҳамгироии иқтисодӣ кишварҳои СҲШ марҳила ба марҳила ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳамкориҳо тақвият бахшида, дар асоси он модели нави ҳамгироии иқтисодиро ташаккул додаанд, ки барои тараққиёти минтақа ва умуман, хоҷагии умумиҷаҳонӣ таъсири мусбат расонид. Дар марҳилаи аввали рушд таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, бунёди таъминоти инфрасохтории ҳамгироии давлатҳои СҲШ дар заминаи таъсис ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии энергетикӣ ва нақлиётӣ барои рушди равандҳои ҳамгироӣ дар ҳавзаи СҲШ пояи устувор гузошт. Дар марҳилаи дуюм тавсеаи робитаҳои интегратсионии давлатҳое, ки ба бандарҳои байналмилалӣ дастрасӣ надоранд, пешбинӣ шуда, марҳилаи сеюм, ташаккули фазои ягонаи иқтисодиро дар қаламрави СҲШ дар назар дорад. Инчунин, дар марҳилаи чорум ташаккули шакли нави муносибатҳои асъорӣ дар асоси ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ бо таъсири бартарии юани чинӣ ва рубли русиро дар назар дорад, ки чунин иқдом барои ҳамкориҳои судманди кишварҳои аъзои созмон татбиқи афзалиятҳои хешро таъмин менамояд.
Ҳадаф ва вазифаҳои асосии СҲШ, аз қабили нигоҳ доштани амният дар минтақа, мусоидат ба рушди иқтисодӣ, мусоидат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳо бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин, ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли мушкилот ба манфиатҳои Ҷумхурии Точикистон мувофиқанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асосгузори ин созмон тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи барномаҳои СҲШ маънои ифтитоҳи самтҳои нави ояндадори ҳамкории бисёрҷонибаи рушди иқтисодро дорад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии хешро дар ҳавзаи СҲШ ҳамчун кишвари таъсисдиҳанда татбиқ менамояд. Рушди иқтисоди миллии кишвар дар шароити тараққиёти босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ аз бисёр ҷиҳат бе рушди таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ мушкил мегардад. Аз ин рӯ, таҳкими муносибатҳои иқтисодии кишвар дар низоми иқтисодиёти байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсиси фазои ягонаи иқтисодӣ омили муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. Тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои СҲШ барои татбиқи имкониятҳои мавҷуда заминаи мустаҳками молиявию иқтисодӣ фароҳам меорад.
Дуруст дарк кардан зарур аст, ки ҳадафҳои истиқлолияти миллӣ бо ҳадафҳои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамоҳанг мебошанд. Бо иртибот ба чунин масъала бояд қайд кард, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти СҲШ пешгирии хатарҳои муосир дар минтақа ба шумор меравад. Дар чунин шароит таҳияи тадбирҳои зиддибуҳронӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии пандемия дар кишвар ба проблемаи аввалиндараҷа табдил мегардад. Оқибатҳои манфӣ аз таъсири пандемия тӯлонӣ буда, таҳкими ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои шарикони рушд, махсусан иштирокчиёни ҷараёни Шанхай талаб мекунад. Тағйир ёфтани траекторияи иқтисодиёти ҷаҳон ва бад шудани вазъи экологӣ ба таҳаввулоти раванди эпидемикии бисёр бемориҳои сироятӣ мусоидат карда, иқтисодиёти ҷаҳонро таназзул дод. Аз ин лиҳоз, дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зиддибуҳронӣ пиёда гашта, ҳамкориҳои судманд ва муборизаи муштарак ба роҳ монда шудаанд. СҲШ дар асоси принсипи руҳияи Шанхай фаъолиятро ба роҳ монда, буҳронро бомуваффақият паси сар кард
Дар баробари ин таҳкими равандҳои сармоягузорӣ барои ҳар як кишвар аз нуқтаи назари татбиқи манфиатҳои хеш басо муҳим арзёбӣ мегардад. Тақвияти равандҳои сармоягузорӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мусбати рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои СҲШ мебошад. СҲШ қодир аст дар қаламрави худ бозори азими фурӯш ва маркази молиявӣ таъсис диҳад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла конҳои бузурги нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо, тилло, ангишт, маъданҳои полиметаллӣ, маъданҳои алюминий, инчунин, захираҳои бузурги уран мебошад (мувофиқи маълумоти баъзе коршиносон, он 16% захираҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад). Лоиҳаи бузурги “Як камарбанд, як роҳ” ба воситаи рушди ҳамкориҳои судманд дар сохтан ва истифодаи роҳҳои байналмилалӣ, иқтидорҳои энергетикӣ, нуқтаҳои логистикӣ барои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ хизмат мекунад. Илова бар ин, Тоҷикистон дорои потенсиали бузурги гидроэнергетика, конҳои маъданҳои фоиданок ва иқтидори бузурги сайёҳӣ мебошад. Барои таҳия ва татбиқи ин имкониятҳо рушди ҳамкории сармоягузорӣ дар доираи СҲШ шарти зарурии рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ мегардад. 
Ҳамин тариқ, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон СҲШ дар баробари СММ, САҲА ва ИДМ мавқеъи махсусро ишғол менамояд. Ҳамгироии байналмилалии минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун механизми муҳими ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини субот дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои кишвар ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ нигаронида шудаанд. Бартараф кардани монеаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рафъи оқибатҳои пандемия, эҷоди механизмҳои нави ҳамкорӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар мебошад. Дурнамои рушди минбаъда ва густариши эҳтимолии равандҳои ҳамгироӣ дар доираи СҲШ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик муҳим мегардад.
СҲШ марҳилаҳои на он қадар тӯлониро тай кардааст, вале дар давраи кӯтоҳтарин иқтидори бузурги ҳудудиву молиявӣ, зехниву технологӣ ва сармояи инсонӣ ба даст овардааст. Чунин иқтидор барои кишварҳои аъзои СҲШ, бахусус барои Тоҷикистон имкониятҳои васеъро дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва ба сатҳи давлатҳои тараққикарда баромадан муҳайё хоҳад кард. Новобаста аз он ки кишварҳои пасошуравӣ бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба мушкилотҳои зиёд дучор гашта бошад ҳам, дар баробари онҳо имкониятҳои зиёдро ба даст оварда буд ва татбиқи ҳадафҳои хеш бе истиқлолияти давлатӣ имконопазир буд. 
                                                                                                                Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло 

доктори илмҳои иқтисодӣ,

профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон