АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ «СОЗАНДАГИЮ ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ» ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН»-И ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Submitted by IED.TJ on Sunday, June 30, 2024 - 9:24am

Тибқи Нақша-чорабиниҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҳар рӯзи шанбе кормандони муассиса, аз ҷумла аъзоёни фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИД АМИТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони «ҲХДТ - Ҳизби бунёдкор ва созанда» бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ дар сатҳи баланд шанбегиҳо баргузор менамоянд.
Кормандони ташкилоти мазкур дар ҳамбастагӣ бо ҷонибдорони ҳизб бо меҳнати софдилона дарахтону ниҳолҳои гирду атрофи муассисаро нарм ва обёрӣ намуданд, чунки сарчамшаи сабзу хуррамии табиат, бақои умри инсон, ободӣ, покизагӣ ва тансиҳатии одамон ба ҳисоб меравад.
Дар баргузории шанбегӣ кормандон дар тозаву озода намудани утоқҳои корӣ, ба тартиб даровардани ҷузъдонҳои ҷевонҳо, ба тартиб даровардани ҷои муайншудаи партовпартоӣ, тоза намудани дарахтон аз шоху баргҳои хушкшуда, ба тартиб даровардани гулу буттаҳои ороишӣ ва ғ. саҳми хешро гузоштанд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби ташкилоти ибтидоии мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.