ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – СУРЪАТБАХШИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Submitted by IED.TJ on Monday, January 15, 2024 - 9:37am

     Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 ироа гардид. 
     Чун ҳамеша Паёми имсола аз паёмҳои пешин ба куллӣ фарқ мекунад. Аввалан, дар он бештар ба рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонии иқтисодиёт ва гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст, зеро ин раванд хоси кишварҳои пешрафтаи дунёст ва Тоҷикистони мо бояд дар қатори аввалинҳо бошад. Дуюм, бо дарназардошти тағйироту мураккабшавии вазъи ҷаҳон, инчунин дар такя ба натиҷаҳои иқтисодии бадастомада муҳлати расидан ба қисме аз ҳадафҳо тағйир дода шуд, ки он ислоҳоту суръатбахшии бештари рушди иқтисодиётро талаб мекунад. Сеюм, Паёми имсола ҳама самтҳои фаъолият: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, муносибати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба вазъи ҷаҳон, кишварҳои дигар ва хусусан мамлакатҳои ҳамсояро дарбар мегирад. Чорум, сармояи инсонӣ ҳамчун омили асосии рушди иқтисодиёту ҷомеа эътироф карда шуд ва қайд гардид, ки “рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад” ва панҷум, бо такя ба натиҷаҳои хуби ҷамъбасти сол музди меҳнату нафақа ва пардохтҳои дигари пулӣ новобаста аз он, ки соли гузашта зиёд карда шуда буданд ин соли низ боло бурда мешавад.     Табиист, қисми бештари Паём (аз 271 банд 157 тои он) ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст, зеро он асос ва гарави ҳастии ҷомеа мебошад. Таъмини иҷрои ҳадафи олии Ҳукумати кишвар – баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум маҳз аз сатҳи рушди ҳамин соҳа вобаста аст.
     Бинобар ин, қисми асосии Паём ба таҳлилу баҳодиҳии рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа дар 7 соли охир ва соли гузашта дар алоҳидагӣ, хулосабарорӣ аз амалкардҳо, иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои пешин оид ба таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти ватан, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шудааст. Паём албатта ҳама самтҳои рушди ҷомеаро дар бар мегирад ва наметавон дар як мақола оид ба ҳамаи онҳо баёни назар кард. Аз ин рӯ, банда ҳамчун мутахассиси соҳаи иқтисодиёт фикру андешаҳои худро оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат аз нуқтаи назари Пешвои муаззами миллат ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда баён менамоям. 
     Чи хеле, ки дар боло қайд гардид, ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад ва ин нишондиҳанда аз афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ вобаста аст, бинобар ин, муҳтарам Президенти кишвар Паёмро аз эълони сатҳи рушди ин нишондиҳанда шуруъ намуданд. “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд”. Ҳол он, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ иҷрои ин нишондиҳандаро дар сатҳи 6,5% пешбинӣ намуда буданд. Албатта, зарур аст, ки дар ин раванд саҳми соҳаи саноат арзанда бошад, зеро ҳоло солҳои рушди босуръати саноат буда суръати афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бояд бештар аз ҳисоби ин соҳа таъмин гардад. 
     Бояд қайд намуд, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар се соли охир ба ҳисоби миёна 8,5 фоиз афзудааст, ки нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. Солҳои 2004-2023, яъне 20 соли охир он ба ҳисоби миёнасолона 7,3 фоиз афзуда буд. Маълум аст, ки сатҳи баланди рушди иқтисодиёти кишвар назари Пешвои муаззами миллатро ба нишондиҳандаҳои стратегии мамлакат дигар кардааст. Дар Паём “... ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд” .
     То 10 фоиз паст кардани ин нишондиҳанда маънои тезонидани суръати афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, сохтану ба истифода додани корхонаю коргоҳҳои зиёдтар аз нақшаи дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 нишондодашуда ва ташкили ҷойҳои кории бештарро дорад.
     Иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 102,5% имкон медиҳад, ки соли 2024 ба самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ маблағи бештар равона карда шавад. Дар такя ба ин, Пешвои муаззами миллат ба   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёд намудани музди меҳнат, нафақа ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ супориш доданд. Чун ҳамеша, ин амал метавонад боиси болоравии нархҳо гардад, бинобар ин, сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки аз ҳоло оиди пешгирӣ кардани он чораҳои ғайримаъмурӣ андешанд.
     Ташаккули «иқтисоди сабз», суръатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон шудаанд.   Албатта, вобаста ба рушди ин самтҳо стратегияю барномаҳои дахлдор татбиқ шуда истодаанд, вале пешниҳоди нишондиҳандаҳои нави макроиқтисодӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бознигарии онҳоро талаб менамояд.
     Нишондиҳандаи дигаре, ки тағйирёбии сатҳу сифати зиндагонии аҳолиро инъикос менамояд, маблағи даромадҳои пулии аҳолӣ дар соли ҳисоботӣ ва фарқи он аз солҳои пешин мебошад. “Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид”. Қайд намудан зарур аст, ки ин нишондиҳанда соли 2022 87,0 миллиард сомониро ташкил намуда мутобиқ ба супориши Пешвои муаззами миллат он бояд дар соли 2023 15,0 фоиз афзуда на камтар аз 100 миллиард сомониро ташкил медод. Дар асл бошад, он ба 112,7 миллиард сомонӣ баробар гардида 29,5% афзудааст. Ин яке аз аломатҳои дигари суръати баланди рушди иқтисодиёт ва беҳшавии некуаҳволии мардуми кишвар мебошад. 
 Таваррум нишондиҳандаи дигари макроиқтисодист, ки ба сатҳу сифати зиндагии мардум таъсири бевосита дорад. Мутобиқ ба Паёми Пешвои муаззами миллат он дар соли 2023 ҳамагӣ 3,8 фоизро ташкил намудааст, ки дар минтақа пасттарин мебошад. Масалан, соли 2023 ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Узбекистон 8,77%, Ҷумҳурии Қазоқистон 9,8%, Ҷумҳурии Қирғизистон 11,1% (ноябр-ноябр) ва Ҷумҳурии Тукманистон 6,72 фоизро ташкил намудааст, ки аз нишондиҳандаи кишвари мо каммаш 2 маротиб зиёд мебошад.
     Таъсири мусбии нишондиҳандаҳои дар боло қайдшуда боиси паст “шудани камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023” гардидааст. Бояд қайд намуд, ки ин нишондиҳанда соли 2022 ба 22,5 % баробар буд ва 1,3 банди фоизӣ коҳиш ёфтани он дар як сол дастоварди муҳим мебошад. Бонки умумиҷаҳонӣ бо такя ба рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон ин нишондиҳандаро дар соли 2022 ба 12,4% (бо дарназардошти ҳудуди байналмилалии камбизоатӣ дар андозаи 3,65 доллари ИМА дар як рӯз) баробар карда буд . 
     Бо дарназардошти таъмини рушди босуръати иқтисодиёти кишвар дар оянда ва “ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус, коғазҳои қиматноки «сабз» ва бозори такрорӣ” Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои дахлдор доданд. Гузариш ба иқтисодиёти “сабз” то соли 2037 ва “воқеан ба «кишвари сабз»” табдил ёфтани Тоҷикистон ҳадафи дигарест, ки дар Паём эълон гардид. Рушди бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла коғазҳои қиматноки “сабз” дар замони муосир яке аз роҳҳои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва равона кардани онҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.
     Бо ин мақсад ба сохторҳои дахлдор оиди ҳалли масъалаҳои зерин супориш дода шуд: идомаи бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда, ба итмом расонидани корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ дар ин мавзеъ, идомаи сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи CASA–1000, азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ, кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот, бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ. Амалисозии супоришҳои дар боло зикршуда имкон медиҳад, ки истеҳсоли “энергияи сабз” афзун гардида талаботи соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолӣ дар оянда пурра таъмин карда шавад.
 Мутобиқ ба Паёми Пешвои муаззами миллат нишондиҳандаҳои макроиқтисодии баландтарин дар низоми бонкӣ ба назар мерасанд. Дар соли ҳисоботӣ дороиҳои сохторҳои қарзии кишвар (39,6 миллиард сомонӣ) нисбат ба соли гузашта 22 фоиз, бақияи қарзҳо (18,5 миллиард сомонӣ) 31,1 фоиз, пасандозҳо (18,6 миллиард сомонӣ) 30 фоиз зиёд шудааст. Дар ҳолати субот ва рушди баробару ҳамоҳанги ҳамаи соҳаҳо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бояд вобаста ба таъсири омилҳои дохилию берунӣ дар атрофи нишондиҳандаи афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҷойгир шаванд, яъне онҳо аз 5 то 12 фоизро ташкил диҳанд. 
     Ба ҳисоби миёна 30% суръат гирифтани рушди низоми бонкӣ метавонад чандин сабабҳо дошта бошад. Ба фикри банда, сабаби асосии он буҳрони низоми бонкии кишвар дар солҳои 2015-2020 мебошад. Дар ин давра ҳиссаи ҳамаи нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар, аз ҷумла, дороиҳо, бақияи қарзҳо, бақияи пасандозҳо, шумораи муассисаҳои бонкӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд, нуқтаҳои мубодилаи асъор, шумораи кормандон ва ғайра то 60 фоиз коҳиш ёфт. 
     Ҳамвора, бо дигар шудани сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2021 низоми бонкӣ боз рӯ ба рушд овард. Дар муқоиса бо давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бонкӣ ба сатҳи баланд расиданд, вале ҳоло ҳам онҳо аз сатҳи нишондиҳандаҳои соли 2015 хеле дуранд. Масалан, яке аз нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ саҳми он дар рушди иқтисодиёти кишвар мебошад, ки аз рӯи ҳиссаи бақияи қарзҳо дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳисоб карда мешавад. Ин нишондиҳанда аз аввали соҳибистиқлолӣ то 23,0 фоиз дар соли 2015 расида буд, вале аз ин ба баъд он рӯ ба таназзул ниҳод. Новобаста аз сатҳи баланди рушди низоми бонкӣ дар се соли охир ин нишондиҳанда соли 2023 14,2 фоизро ташкил мекунад ва тақрибан ба сатҳи соли 2012 баробар аст. Бояд қайд намуд, ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои пешрафта то 200 фоиз ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ то 60 фоизро ташкил медиҳад. 
     Супоришҳои паёмии Пешвои муаззами миллат низоми бонкиро водор месозад, ки ҳарчи зудтар ба сатҳи соли 2015 расида рушди минбаъдаи ин сохтори муҳим ва саҳми он дар рушди иқтисодиётро таҳким бахшад. 
     Супориши дигари қатъӣ “пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ” мебошад. Ба ин гурӯҳ асосан технологияҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ, роботоникунонӣ, биометрия, низомҳои тақсимкунандаю роёнишҳои абрӣ (cloud computing) ворид мешавад . 
Илова ба он, Пешвои муаззами миллат дар назди вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо вазифа гузоштанд, ки “дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд”. Таъмини иҷрои ин супориш низ истифодаи технологияҳои рақамиро талаб мекунад. Ин амал ба рушди мутавозун ва устувори иқтисодӣ мусоидат намуда барои афзун намудани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад. 
     Бояд қайд намуд, ки технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисодии он мегардад. Аз ин рӯ, кишвар бояд ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ омода бошад.
Аввалан, барои истифодаи самарабахши технологияҳои рақамӣ заминаи ҳуқуқии дахлдор ва ба талаботи замон ҷавобгӯй зарур аст. Барои бомуваффақият татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ бояд қонуну қоидаҳои дахлдори танзимкунандаи истифодаи онҳо қабул карда шаванд. Ҳифзи маълумот, махфияти иттилоот, амнияти киберӣ ва моликияти зеҳнӣ бояд мутобиқи талаботи ин қонуну қоидаҳо таъмин карда шавад.
     Дуюм, ташаккули инфрасохтори дахлдор дар мамлакат заминаи асосӣ барои рушди технологияҳои рақамӣ мебошад. Барои бомуваффақият татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ дастрасии васеъ ба интернет ва шабакаҳои баландсуръат зарур аст. Ин маблағгузорӣ ба рушди инфрасохтор, бунёди шабакаҳои нав ва навсозии шабакаҳои мавҷударо тақозо мекунад, ки барои он маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ заруранд.   Бинобар ин, ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо дар ин самт ба мақсад мувофиқ мебошад. 
     Сеюм, таълиму омода кардани мутахассисон яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои дахлдори давлат мебошад. Барои истифодаи самаранок аз технологияҳои рақамӣ доштани кормандони соҳибихтисос, ки метавонанд аз онҳо самаранок истифода кунанд шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таҳияи барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзӣ, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй бошанду асосҳои технологияҳои рақамиро дар бар гиранд, муҳим аст. Ҳамчунин зарурати ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҳукумат барои эҷоди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак ба рушди малакаҳои рақамӣ мусоидат мекунанд.
     Чаҳорум, ҳамкорӣ ва шарикӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ, аҳолӣ, сохторҳои дахлдори кишварҳои дигар низ муҳим аст. Ташкили шароит барои муколама ва табодули таҷриба ба рушди технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунанд. Инчунин дастгирии рушди навовариҳо (стартапҳо) ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки метавонанд муҳаррики рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар гарданд, ба мақсад мувофиқ мебошад.
     Ба андешаи мо, дар ин раванд ҳалли масъалаҳои зерин заминаи асосӣ барои пешрафти кишвар ва иқтисодиёти он мебошанд:
 - Яке аз масъалаҳои муҳим муайян кардани ҳаҷми бахши рақамии иқтисодиёт ва ҳиссаи он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад. Дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар онро метавон бо усули истифодаи ниҳоӣ ё хароҷоти ниҳоӣ, ки ҷамъи харҷи хонаводаҳо ва давлат барои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро дарбар мегирад ва усули истеҳсолӣ, ки зери ин мафҳум ҳаҷми умумии арзиши иловашуда дар субъектҳои хоҷагидории онлайн фаъолияткунанда (дар амали худ аз интернет истифодабаранда) фаҳмида мешавад, ҳисоб кардан мумкин аст. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ усули истеҳсолӣ истифода мешавад, ҳангоми ҳисоб кардани андозаи қисми рақамии иқтисодиёт аз ин усул истифода бурдан бамаврид аст;
 - Барои рушди иқтисодиёти рақамӣ муҳим аст, ки ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ баҳисобгирии муҳосибиро дуруст ба роҳ монда монанд. Мутаассифона, аксари субъектҳо (91,0%) низоми дурусти ҳисобдорӣ надоранд ва мутобиқан ба мақомоти андоз ҳисоботи муҳосибӣ ва молиявии ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод намекунанд. Дар шароити нави иқтисодӣ зарур аст, ки аксари субъектҳои хоҷагидорӣ (камаш 90%) ба шахсони ҳуқуқӣ табдил дода шуда пешбурди ҳисобдорӣ барояшон ҳатмӣ бошад. Танҳо чунин амал метавонад барои гузариш ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди рақамӣ заминаи зарурӣ муҳайё кунад; 
 - Омили муҳими рушди иқтисодиёти рақамӣ мавҷудияти мутахассисони боистеъдод ва соҳибихтисос мебошад. “Ҳоло, аз дар тамоми дунё талабот ба насли ҳазорсолаи нав (millennials, номи маъмулии онҳо – насли Y), гурӯҳи демографии ҷавонони солҳои 80-90 асри XX таваллудшуда зиёд шудааст» [4]. Барои ҷалби ин мутахассисон дар тамоми ҷаҳон рақобати шадид рафта истодааст. Дар оянда, бо назардошти афзоиши ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, талабот ба чунин мутахассисон ба маротиб меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ба омода кардани чунин мутахассисон ва барои дар ҷумҳурӣ фаъолият кардани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад. 
     Бовар дорам, ки иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд суръати баланди рушди иқтисодиёт, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамударо таъмин намуда имкон медиҳанд, ки Тоҷикистони азизамонро “хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем”.


Директори Институти иқтисодиёт
ва демографияи АМИТ,
д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода