Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Submitted by IED.TJ on Tuesday, May 17, 2022 - 3:20pm

Рӯзи 17-уми майи соли 2022 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо мақсади тақвияти кори кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисону кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоӣ бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолону ҷонибдорон ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» курси бозомӯзӣ доир гардид, ки дар кори он директори Институт иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и, профессор Ш.Раҳимзода бо маърӯза дар мавзӯи «Иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои рушди он» баромад намуданд. 

Tajik