Тибқи банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 28 декабри соли 2021 бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» 15 апрели соли 2022 дар толори Шурои олимон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Проблемаҳои актуалии рушди илми иқтисодӣ дар Тоҷикистон» (бахшида ба нахустин конференсияи омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон) баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Дар рафти конференсия 7 маърӯзаҳои илмии ходимони илмии Институт – мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., професссор Саидмуродзода Л.Ҳ., сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, д.и.и., профессор Ҷонмамадов Ш.Б., сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, д.и.и. Хоналиев Н.Х., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, н.и.и. Бобозода Ғ.Ҷ., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографи, н.и.и. Қодиров Ш.Ш. ва дигарон шунида ва мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур тибқи Фармоиши директори ИИваД АМИТ аз 15 апрели соли 2022 №15 як қатор ходимони илмии Институт бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ қадрдонӣ карда шуданд.