ҲАМДУ САНО БОД БА ЗАН, БА МОДАР, БА САРЧАШМАИ ХУШКНАШАВАНДАИ ҲАЁТ

Submitted by IED.TJ on Friday, March 4, 2022 - 9:38am

          Бале, модар шахсест, ки аз Одам то ба ин дам, ҳамеша ситоишаш мекунем ва ҳамду санояш мехонем, зеро воқеан, шахси азизу меҳрубону такрорнашаванда ва сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. 
          Муаллими аввалин модар асту мактаби аввалинамон домони ӯ. 
          Агар ба таърихи ниёгонамон назар афканем, зани тоҷик маҳдудиятҳои зиёд дошт, хоса дар замони пешазинқилобӣ. Таъсири он маҳдудиятҳо, ҳатто баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ боқӣ монда буд. Дар мактабҳои олӣ шумораи духтарон аз минтақаҳои дурдаст хеле кам буд. Якеро падару модар иҷозат намедоданду дигареро бизоат монеа мегашт. Ба ақидаи ҷоҳилонаи бархе аз ашхоси он замон таҳсил кардани духтарон гӯё ба шаъну шарафи волидайн ё ҳатто авлод нуқсон мегузошт. Тафаккури мардум чунон маҳдуд буд, ки ба ақидаи онҳо зани тоҷик бояд хонанишин бошад, таҳсил накунад, кору фаъолият низ нанамояд. Мутаассифона, ҳуқуқи зан поймол буд. Албатта, чунин мафкураҳо аз таъсири ақидаҳои ғалати онвақта пайдо мешуданд. Аз ин рӯ, духтарон ҳуқуқи таҳсил надоштанду бонувон ҳуқуқи дар ҷамъият фаъолият намуданро. Хулоса, мақоми зан-модар дар ҷомеа аҳамияте надошт. Чунин фикрҳои иштибоҳангез оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд. Месазад қайд намоем, хушбахтона, мафкураи мазкур ҷомеаи имрӯзаи тамаддунофари моро фаро нагирифтааст. Лек то он дараҷае, ки кунун занони тоҷик дар ҷомеа мақоми баланд доранд, дар ягон давру замон надоштанд. Модари босавод метавонад фарзандони босаводро ба воя расонад, оилаи солимро ба вуҷуд орад. Оила солим бошад, насли оянда низ солим мешавад.
           Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан-модар дар ҷомеа мақоми хоса пайдо намуд, ки ин иқдом ба модарону хоҳарони мо барои рушду нумӯъ ва барои пайдо кардани мақомашон дар ҷомеа имконияти беҳамто ато намуд. Воқеан, зан метавонад бо як даст гаҳвораро ҷумбонаду бо дасти дигар сайёраро такон бидиҳад. 
           Барои зан дифои рисолаи илмӣ, чӣ номзадӣ бошад ва чӣ докторӣ кори басо мураккаб аст. Зеро бештари занони муҳаққиқ модар низ ҳастанд. Ҳам модар будану ҳам муҳаққиқ, аз зан матонату заҳмати зиёдро тақозо мекунад. Имрӯз зани тоҷик, хоса, зани тоҷикистонӣ метавонад бо имконоти зиёд ба таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ фаро гирифта шавад, дар тамоми табақаҳои ҷамъияти тамаддуниву бообруи кишвари азизу меҳрубонамон фаъолият намояд ва ба пажӯҳиш машғул шавад. 
           Ин аст хушбахтии зани тоҷик!


 Беҳтарин, зеботарин инсони дунё модар аст,
Ҷуз Худо волотарин имрӯзу фардо модар аст!

Ходими калони илмии
шуъбаи таҳқиқоти институтсионалии
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ,
Шарафидинова Г.Ё.