Санаи 23.02.2022 бахшида ба рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Ҷаласаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, аҳли толорро бо фарорасии рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфт ва дар идомаи гуфтори мушаххас қайд кард, ки аз ҳарбиву муҳофиз набояд тарсид, чунки дар низоми давлатсозӣ ниёзи мардум ба одамони ҳарбӣ беш аз пеш мушоҳида мешавад. Президенти АМИТ соли адои хидмати ҳарбиро ба ёд оварда, иқрор кард, ки ҳеҷ Академия ё худ мактаб ва донишгоҳҳо баробари ду соли хидмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ инсонро комил намекунад, чунки ҳама чиз дар хидмат воқеият дорад. Рукни асосии давлатдорӣ барои ҳар миллате Қувваҳои Мусаллаҳ аст, ки бидуни онҳо истиқлол дар роҳандозӣ шудани сиёсати мустақил имкон надорад.
Ҳануз дар аҳди Шӯроҳо мо ин рӯзро истиқбол мегирифтем ва махсусан занону бонувон мардонро бо фарорасии ин рӯзи муайян табрик менамуданд. Дар замони истиқлолият зарурати қайд кардани рӯзи Артиши миллӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибихтиёр барои фардои худ аз ин рӯз омода бошад.
Дар ҷаласа номзади илмҳои ҳуқуқ Файзалӣ Абулхонов, ходими илмӣ Назар Холназаров, муовини раиси КИИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова ва раиси Шӯрои занони АМИТ Муҳиба Маҳмадҷонова маърӯза карданд.
Назар Холназаров зимни суханронӣ таъкид намуд: Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯзҳо бо пуррагӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар пешашон гузошташуда баромада истодаанд. Чи тавре,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадаҳояшон қайд карданд: «Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд кардани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулоти ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир кардаанд».
Ширин Қурбонова аз зарурати тақвият пазируфтани Қувваҳои Мусаллаҳ сухан ронда, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа чунин гуфт: "Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои мавҷудбуда ниҳоди ҳарбии давлатист ва вазифадор дар ҳифзи тамомияти арзии мамлакат мебошад. Бар хилофи солҳои навадуми садаи гузашта, ки таваҷҷуҳ ба артиш ба сатҳи сифр мубаддал гардида буд, айни замон Артиши миллӣ дар миёни шаҳрвандон нуфӯз дошта, хеле корҳои омӯзиширо сайқал ва сатҳи омодагии афсаронро ҷиҳати ҳадафҳои кишвари мутаҷовиз ва душман ба манфиатҳои миллӣ амалан роҳандозӣ намудааст. Бо талошҳо ва ибтикори пайгиронаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сатҳи зиндагии афсарон беҳбуд гашта, сатҳи хизмати ҳарбӣ боло рафтааст. Бинобар ин, дар замони муосир ҷавонон ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро анҷом дода, минбаъд ба мутахассиси соҳаи мудофиа табдил меёбанд ва мавқеи худро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо менамоянд. Албатта, инъикоси ҳаёти хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба тарзи мухталиф арзёбӣ мегардад ва ҳар гуна инъикос бе мақсад нест, аммо пояи асосии давлатдории тоҷикон, ки артиш мебошад, марҳила ба марҳила густариш ёфта, айни замон ба нерӯи таконбахше мубаддал гардидааст, чунки Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нисбат ба ҳар фарди афсар бетафовут нест ва талошҳояш дар мавриди ба сатҳи кишварҳои мутараққӣ расидани Артиши миллӣ дар амал татбиқ мешаванд". Мавсуф дар маърӯзаи хеш замони Шӯроҳоро ба ёд оварда, хеле бамаврид таъкид намуд, ки он солҳо духтарҳо ҷиҳати издивоҷ бо мардон аз онҳо як масъаларо мепурсиданд, ки хидмат кардааст ё не? Ба ибораи дигар марде хидмати ҳарбиро адо накардааст, аз ҷониби бонувон пазируфта намешуд.
Дар анҷоми ҷаласа гурӯҳи ҳаваскорон барои ҷашни ҷавонмардон таронаҳои дилпазире замзама намуданд.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар муборак бод!