Санаи 21.02.22 дар толори АМИТ таҳти унвони "Густариши тафаккури дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Конференсияи илмӣ-оммавӣ доир гардид, ки дар он ҷомеашиносон ширкат доштанд.
Ҳамоишро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, зимни суханронӣ иқрор кард, ки фикри дунявият фақат дар муқовимат бо дунёбезорӣ, ки дар рафтору кирдори аксар ҷунбишҳои мазҳабӣ ва террористӣ мушоҳида мешавад, бартарӣ пайдо кардааст ва айни ҳол рушди ҷомеаҳо бо дарназардошти беш аз пеш густариш пайдо намудани андешаи мутазаккир роҳандозӣ мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаи мазҳабӣ бо обурангҳои нафрат пайдо кардан ба авомили дунёӣ дар гузашта ва имрӯз зуҳур кардааст.
Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов дар мавзӯи фавқ маърӯза намуда, қайд намуд, ки зуҳуроти бадбинӣ дар натиҷаи аксуламали афрод нисбат ба рушду тараққӣ пайдо мешавад.
Воқеан, баробари зуҳур кардани понисломизм ва афкори Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ ва шайх Муҳаммади Абдуҳ омили асоситарини рушди Ғарб, ки ҷудо кардани дин аз давлат буд, рад гардид ва пайравонашон ҷиҳати рух надодани ин вижагиҳо дар тамаддуни исломӣ ҷаҳонбинии диниро сиёсӣ сохтанд ва кунун тамоми ҷунбишҳо ва наҳзатҳои мансуб ба ислом аз ин сарчашма суиистифода мекунанд.
Дар ҳамоиш вазири маориф ва илм Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ва муовинонаш ширкат доштанд.
Директори Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов дар ҳамоиш маърӯза намуд.
Дар ҳамоиши мазкур табодули афкор байни ҷомеашиносон сурат пазируфт ва аз натиҷаи ин ҳамоиши мусоид ба рушди ҳамҷониби инсони муосир гузориш хоҳем дод.