ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ - МУҲАРРИКИ РУШДИ ҶОМЕА

Submitted by IED.TJ on Tuesday, January 4, 2022 - 10:00am

Чи хеле ки ба ҳама маълум аст, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 21 декабри соли 2021 ироа гардид. 
Сараввал бояд қайд намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат чун ҳамеша аз паёмҳои пешин фарқ мекунад. Якум, дар вобастагӣ ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, таъсири бади пандемия ба иқтисодиёт ва сатҳу сифати зиндагии мардум бештар он ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст. Аз 339 банди Паём дар 145-тои он вазъи иқтисодиёт таҳлилу самтҳои рушди минбаъдаи он муайян шудаанд. Дуюм, бо дарназардошти саҳми муҳими соҳибкорӣ дар рушди иқтисодиёту ташкили ҷойҳои корӣ, зарурати дастгирии он аз ҷониби давлат, имтиёзу сабукиҳои ба он додашуда ва ғайра қисми иқтисодии Паёми имсола на аз таҳлили вазъи умумии он дар соли гузашта, эълони сатҳи рушду саҳми соҳаҳои алоҳида дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, балки аз таҳлили вазъи иқтисодиёт, хусусан, соҳибкорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва супоришҳо ба сохторҳои дахлдор оид ба мусоидат ба рушди он оғоз ёфт. Сеюм, новобаста ба ин, Паёми имсола ҳама самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ: саҳми маориф, тиб, фарҳанг, қишрҳои алоҳидаи ҷомеа, хусусан, занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ,  мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба вазъи ҷаҳон, кишварҳои дигар ва хусусан, мамлакатҳои ҳамсояро дарбар мегирад.   
Паёми Пешвои муаззами миллат ба мардуми мамлакат саросар аз таҳлилу баҳодиҳӣ ба рушди ҷомеа дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар, хулосабарорӣ аз амалкардҳо ва дастуру супоришҳо оид ба таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти ватан, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон иборат аст ва наметавон дар доираи як мақола оид ба ҳама самтҳои он фикру андешаронӣ кард. Бинобар ин ман ҳамчун иқтисодчӣ бештар ба самти иқтисодиёт назар хоҳам кард.
Яке аз дастовардҳои беҳтарини имсолаи мо таъмини рушди иқтисодиёт мебошад. Чи хеле, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат қайд гардидааст “Дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид”. 
Бояд таъкид намуд, ки дар 16 соли охир чунин сатҳи баланди рушд дар кишвар мушоҳида нашуда буд. Албатта, чунин натиҷа инчунин ба таъсири пандемия ба иқтисодиёт дар соли гузашта вобаста аст, вале дар соли 2021 кишварҳои дигари шарики иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба чунин натиҷа ноил нагардиданд. Хурсандиовар он аст, ки ин сатҳи рушд бештар аз ҳисоби соҳаи саноат (22%) ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (23%) таъмин карда шудааст. Яъне соҳаҳои истеҳсолии мамлакат ба манбаъи асосии таъмини рушди иқтисодиёт мубаддал шуда истодаанд. Дар навбати худ ин амал маънои ташкили ҷойҳо нави корӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсулро дорад, ки барои расидан ба мақсади олии Ҳукумати мамлакат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хеле муҳим аст.
 Инро ба инобат гирифта Пешвои муаззами миллат панҷ соли ояндаро “Солҳои рушди саноат” эълон кард, ки иҷрои ҳадафҳои он боиси таъмини суръати баланди афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёд кардани шумораи табақаи миёнаи аҳолӣ, даромадҳои пулӣ ва дар умум некӯаҳволии мардум мегардад.
Чи хеле, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат таъкид шудааст “Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад”. Зиёд шудани даромадҳои пулии аҳолӣ дар такя ба рушди иқтисодиёт, хусусан соҳаи саноат, зиёд шудани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ, ки нисбатан дорои даромадҳои бештаранд дар навбати худ боиси коҳиши сатҳи камбизоватӣ мегарданд.  
 “Соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум 15 фоиз афзоиш ёфт ва ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид” қайд шудааст дар Паёми Пешвои муаззами миллат. Ин рақамҳо аз иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Натиҷаҳои бадастовардаро ба инобат гирифта Президенти муҳтарами кишварамон супориш доданд, ки бояд дар соли оянда суръати рушди мамлакат на камтар аз 8 фоизро ташкил намояд. Аз ин рӯ, вазифаи сохторҳои дахлдори давлатӣ ва олимони соҳаи иқтисодӣ аз муайян кардани манбаъҳои таъминкунандаи рушди босуръати иқтисодиёт, ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар ҳамбастагӣ бо баинобатгирии таъмини самаранокии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои рушди соҳаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашудадошта, дастгирии содирот ва муосидат ба роҳ ёфтани истеҳсолкунандагони ватанӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Супориши дигари муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд андешидани чораҳои судманд “ҷиҳати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, ба таври пурра татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии амалиёти молиявӣ ва васеъ ҷорӣ кардани рақамикунонӣ дар соҳа” мебошад. 
Гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ имконият медиҳад, ки маълумоти зарурӣ барои таҳлилу аниқ муайян кардани иқтидори иқтисодию молиявии мамлакат ва дар ин асос қабул кардани қарорҳои дахлдор ва таъмини шафофият дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ таъмин карда шавад. 
Татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии амалиёти молиявӣ бошад имкон медиҳад, ки ҳамаи амалиётҳои молиявии дар қаламрави мамлакат иҷрошаванда ба қайд гирифта шуда дар тавозуни субъектҳои хоҷагидорӣ инъикос гардад. Ин маънои гузариш ба низомеро дорад, ки мутобиқи он ҳаҷми асосии ҳисоббаробаркуниҳо бо воситаи бонкҳо анҷом дода шуда фарогирии молиявии аҳолӣ васеъ мегардад, субъектҳои хоҷагидорӣ ба шахсони ҳуқуқӣ мубаддал шуда амалиётҳои худро ба воситаи ташкилотҳои қарзӣ мегузаронанд. Барои маълумот, ҳоло шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ҷамъи умумии субъектҳои хоҷагидории бақайдгирифташуда тахминан 5 фоизро ташкил медиҳад.
Бартарии ин низом аз  баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, ба роҳ мондани андозбандии асоснок, зиёд шудани даромадҳои буҷет, коҳиши  имкони дахолат ба фаъолияти корхонаҳо ва соҳибкорон, доштани омори дақиқ, маҳдуд кардани имконияти истифодаи пул хамчун воситаи порадиҳӣ, коҳиши амалиётҳои дигари коррупсионӣ, ҷалби воситаҳои пулии нақдӣ ба бонкҳо ва истифодаи онҳо барои рушди иқтисодиёт, паст шудани фоизи қарзҳо, кам кардани хароҷоти давлат барои ташкили муомилоти пулии нақдӣ  ва бартариятҳои дигар мебошад.
  Нишондиҳандаи дигари макроиқтисодӣ, ки дар асоси он ба сатҳи рушди мамлакат ва некӯаҳволии мардуми он баҳо дода мешавад “Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ” мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат бо дарназардошти муҳимии ин нишондиҳанда дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат супориш медиҳанд, ки “дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад”. Иҷрои ин супориш ба татбиқи ҳадафҳои миллӣ, стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, барномаҳо,  таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти мамлакат, рақамикунонии он, рушди иқтисодиёти сабз, истифодаи технологияҳои муосир бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати кишвар ва   рушди нерӯи инсонӣ алоқамандии зич дорад.
Бовар дорам, ки иҷрои ин супоришҳо ва дастурҳои дигаре, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд суръати баланди рушди иқтисодиёт, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамударо таъмин намуда имкон медиҳанд, ки   Тоҷикистони азизамонро “ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ” табдил диҳем. 


Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи
            АМИТ, д.и.и., профессор                     Ш.Раҳимзода