«Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз аз лаҳзаҳое, ки шабу рӯз баробар мегардад, барои заминиён гуё сулҳу оромӣ ва ваҳдати олами инсонӣ эҳсос мешавад. Хар як фарди соҳибфитрату зебопараст зуд аёнияти зиндашавии идонаи рӯҳу ҷисми худро дарк менамояд. Воқеан, эътидол ва ё тавозуни ҷисму рӯҳ манбаи аслии хушбахтиву фараҳи инсонӣ мебошад. Пайдоиши ин ҳодисоти фараҳбахш дар рӯзи нав пиндору кирдори одамонро мусаффо менамояд, дар онҳо хоҳиши табиии гузашт кардан аз ҳар гуна низову тазодҳо, маъзарат аз кирдорҳои номатлуби гузаштаи худ ба дигарон, фаолияти эҳсонкорӣ, аёдати ёру дӯстон, хешовандон, кабули меҳмонон, оростани хони идона, арзи суханҳои неки хирадмандона ва қадрдонӣ бо туҳфаҳо ., аксаран на аз рӯи анъана, ки мардум қабул доранд дар ин рӯз, балки чун раванди табиӣ, гӯё ҳастии табиии онҳо ҳукм карда бошад, сурат мегирад. Дар ин рӯз қонунҳои табиат ба ҳиссаи ҷудонопазири худ– инсон, ки аз гардиши табиат дур нест, таъсир менамояд ва эътидоли миёни инсону табиат боз ҳам қавитар рӯи кор меояд.
Наврӯз аз соли нави мелодӣ, ки иди тақвимӣ аст, тафовут дорад. Наврӯз идест, ки табиат туҳфа намудааст ва ба ягон ҳодисот таърихи инсоният ва ё ба ягон ҷашнҳои миллӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ равобите надорад. Аз ин ҷост вай сифати умумӣ ва ё универсалӣ дошта, ба иди тамоми олами инсонӣ табдил ҳам ёфтааст. Воқеан, майли ҷаҳонии Наврӯз солазсол афзуда истодааст. Иди Наврӯз аз идҳои дигари солинавӣ ба он фарқ менамояд, ки санаи доиргардии онро табиат муайн намудаст, фарзанди табиат аст, на маҳсули ягон қарорҳои давлатӣ ва ё ниҳодҳои байналмилалӣ. Наврӯзро ватани ориётаборон ва тоҷикон мегӯянд, ба он хотир, ки ин санаи табиат муаяйннамударо нахуст онҳо дарк намуданд ва ба оламиён исбот карданд, ки ана ин рӯз оғози соли нав аст. Дар ин росто Умар Хайём менависад: «Чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашни ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва мардуми дигар ба ӯ иқтидо карданд…ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд..».
Иди Наврӯз, ки дорои сифати умумбашарӣ ва ғояи гуманитарӣ мебошад, ҳамчун омили бунёдии ваҳдатовар дар олами инсонӣ хизмат намудааст ва имрӯз рисолати худро боз ҳам дучанд иҷро карда истодааст. Ҳамин буд, ки 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи XVI-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расидааст. Албатта дар ин ҷода саъю кӯшиши асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат- Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамтост.
Наврӯз чун фарзанди табиат натанҳо як иди бошукуҳи фарҳангии берун аз сиёсату ҳаргуна мазҳбу ғояҳои динӣ, балки чун ҷаҳонбинии асил ва ғояи бунёдии дар хиёбони андешаи инсон, пеш аз ҳама, инсони соҳибфитрат ва қишри креативии ҷомеа қарор дорад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки мамлкати креативии ҷаҳон ИМА 15 марти соли 2010 нахуст кишварест, ки дар Конгресси худ якдилона катъномаи СММ-ро доир ба «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» тасдиқ намуд. Аз ҷониби конгрессменон таъкид шуда буд, ки Ҷашни Наврӯз ба ғанӣ гаштани фарҳанги ИМА суръат мебахшад, зеро ғояи он бо принсипҳои бунёдии Амрико – сулҳ, демократия ва гулгулшукфоии кулли бошандагони олам рост меояд. Ҳатто таъкид шуда буд, ки маҳз дар пояи ҷаҳонбинии Наврӯз Куруши Кабир ҳанӯз дар асри VI-и то мелод сохти ғуломдорирро барҳам дода, нахуст Хартияи хуқуқи инсонро таҳия карда, ба оламиён пешниҳод намудааст, ки асоси Хартияи хуқуқи инсони муосирро ташкил медиҳад. Ин иди қадимаи инсоният ҳазорҳо сол дар майдони набардҳои динию мазҳбӣ ва сиёсӣ қарор гирифта бошад ҳам, аммо бо туфайли моҳияти асили табии худ, фарзанди табиату қайҳон будани худ ва бо туфайли ғояҳои гуманистии умумибашариаш зинда мондааст ва боз нуфузи тоза пайдо карда истодааст.
Имрӯз аниқ аст, ки ҷаҳонбинӣ ва ғояи созандаи он барои оромӣ бахшидан ба ҷаҳони ноором ва беқарору пурталотуми муосир бояд хидмат намояд. Чаро? Чӣ тавре дар мақолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Инсон ва андешаи ҷаҳонсозии ӯ» ҳанӯз соли 2005 (Минбари халқ. 7.09. 2005) қайд шуда буд, «...бе шарҳу тавзеи муфассал ҳам равшан аст, ки инсони имрӯз назар ба ҳазор сол пеш рӯбарӯ ба хатарҳои фоҷеангезтар мебошад». Ин ҳолат дар солҳои охир боз ҳам шадидтар гашта истодаат. Воқеан ҳам, дар тамоюли инкишофи ҷомеаи ҷаҳони муосир ду ҷараён ба чашм мерасад, ки яке тавлиди андешаҳои ҷаҳонсози инсон, ки аз ҷаҳонбинии Наврӯз гуманизми инсонӣ бар меояд ва дигаре маҳсули андешаҳои худпарастӣ ва такаббурии инсон аст. Дигаргуниҳое, ки дар кишварҳои мутараққӣ ба вуқӯъ омадааст, аз як тараф, натанҳо имкониятҳои некуаҳволӣ ва беҳдошти аҳли башарро фароҳам овардааст, балки аз тарафи дигар муаммоҳову хатарҳоеро ба мисли вайрон шудани эътидол ва ё тавозуни экологӣ, маҳдуд шудани оби ошомиданӣ, терроризм, бадбинии миёни қавму миллатҳо, паҳн гаштану васеъшавии истеҳсоли аслиҳаҳои қатли ом ва ғ. Дар ҳазорсолаи равон инсоният ба ояндаи худ на ба боварии комил, балки бо изтиробу беэътимотӣ назар мекунад. Бинобар он, дарки зарурат ва ногузирии ваҳдати олами инсонӣ ва рушди андешаҳои ҷаҳонсоз ба миён омадааст. Дар ин ҷода ҷаҳонбинӣ ва ғояи Наврӯз, ки арзиши космополитикӣ, фаромиллӣ дораду сифр маҳсули табиат ва эътидоли он аст, нақши марказиро мебозад.
Бояд таъкид кард, ки пояи ғояи Наврӯз аз эътидол ва ё тавозӯи воқеии табиат – баробарии шабу рӯз ибтидо мегирад ва соли навро аз ин соатҳо истиқбол гирифтан маънӣ ва ё ғояи бунёдиро дорост. Ниёгони мо пайваста бо дарки лаҳзаҳои эътидоли табиӣ ва аз ин лиҳоз, ба хотири тантана гаштани аслҳои эътидол, таҳаммулпазирӣ, гуманизм ва адолат дар ҷомеаи инсонӣ, ки ҷузъи фаъоли гардиши табиат мебошад, ҳамоиши идонаи фарҳангӣ меоростанд ва арзишҳои муқаддаси инсониву ҷомеасозиро талқин месохтанд, оламиёнро ба сӯи таъмини пойдории он даъват менамуданд. Ҳамин буд, ки ин ғояи наврӯзӣ дар ҷавҳари консепсияҳои ҷомасозиву давлатсозии халқҳои ҷаҳон ва муҳиту фазои пажӯҳишҳои илмиро муаяйн намудааст, дар хиёбони андешаи таҳқиқгарони асил ҷойгоҳи устувор касб намудааст. Масалан, дар илмҳои ҷомеашиносӣ ҳамеша ҷустани роҳҳои таъмини тавозӯъ ва ё эътидол дар ҷомеа коркарди механизмҳои таъмини ваҳдати олами инсонӣ дар мадди аввал қарор мегирад. Иқтисодиёт, ки ошёнаи аввали ҷомеа аст, бинобар он, пажӯҳишҳо дар ҳама ҳолат барои ноил гаштан ба эътидол ва тавозӯи иқтисодиву иҷтимоӣ, ки ҳадафи таъмини адолати иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, равона шудааст.
Чӣ тавре дар боло ишора намудем, ғояи Наврӯз зодаи гардиши табит, кайҳон аст, ки лаҳзаи эътидоли табииро нахуст ориётаборон дарк намуданд ва худро як ҳиссаи ҷудонопазири табиат пазируфтан д, зарурати таъмини эътидолу адолатро чун табиат дар ҷомеа муқаддас пиндоштанд ва онро дар хиёбони андешаи худ ҷой доданд. Дарки инсон чун ҷузъи такибӣ ва фаъоли табиат ва ҳамсизстии солим бо табиат, ки ҳамчун ғояи бунёдии консепсияи рушди устувор ва таълимоти ноосфераҳо, ки имрӯз мегӯем, қарор гирифтааст, тасаввур менамоем ин ҳамон ҷаҳонбинӣ ва ғояи асили наврӯзӣ, ки ниёгони мо тараннум карда буданд, мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳадаф аз таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ва омӯзиши ғоя ва ҷаҳонбинии он барои таҳлилу муайян кардани қонунҳои умумӣ ва хусусӣ, ки маҳақи асосии инкишофи ҳаёти ҷомеаи инсониро муаяйн менамояд, иборат аст. Ин масъала ҳам барои имрӯз ва ҳам барои фардои инсоният аҳамияти бузург дорад. Зеро ғояи рушди устувор чунин тамсилаи рушдро тақозо мекунад: «Талаботи ҳаётии инсонҳои насли имрӯз, набояд аз ҳисоби маҳрум кардани имкониятҳои наслҳои оянда қонеъ гардад». Яъне ин ҷо ғояи таъмини эътидол ва тавозӯи дарозмуддати ҷомеаи инсонӣ нуҳуфта аст. Табиатшиносон ва ҷомеъашиносон ягонагии умумии амалиёти қонунҳои табии ва биосфериро, хам дар ҷахони моддию табиӣ ва хам дар ҷаҳони маънавию иҷтимоӣ таъкид карданд. Ин ягонагӣ ба худ истисно ва ё тарафи диалетикии муқобилро дар бар мегирад: ин чо маънӣ эътидол ва инкишофи бефосилаи организими ҳам иҷтимоӣ ва ҳам табиӣ дар назар аст. Рӯи майдон омадани ин ғоя ва ашёгардии он зарурати замони муосир аст. Зеро имрӯз амали гардонидани маънфиатҳои эгоистии истифодаи бераҳмонаи захираҳои табиӣ сураъти беандоза гирифта, боиси таҷовузи табиат, муҳити зист ва вайроншавии мувозинати табиӣ мусоидат кардааст. Пас, зарурате ба миён омадааст, ки инсон акнун на табиатро ба худ тобеъ кунад, балки баръакс, худро ба он мутобиқ созад.
Аз замони дунёи қадим ҳадафи илмро хирад, оқилӣ, дарки назми табиат ва ҳамзистӣ дар ҳамоҳангӣ бо он ташкил медод. Аммо дар асри XVII ҳадафи он ба пажӯҳиш ва пайдо кардани донишҳое, ки барои ҳокимӣ ва идораи табиат истифода мешавад, равона шуда буд. Инчунин, то имрӯз илму технология ба ҳадафҳое истифода мешавад, ки онҳо хатаровар, ҳалокатовар ва зиддиэкологӣ мебошад. Пас, инсонро зарур аст, ки вай чун чузъи таркибии табиат неруи худтанзимкунӣ ва худмаҳдудкунии талаботи худро низ рӯи кор оварад. Ғояи иқтисодиёти ғайритаҷовузӣ, ки бо табиат ҳамоҳанг аст, бояд чун ғояи асосӣ ҳоким бошад. Зарур аст, ки иқтисодиёти д дар доираи мизони инсонӣ карор гирифта, ба аслҳои экологӣ ва технологияи «симои инсонӣдошта» такя кунад ва дар маркази пажӯҳиш қарор гирад. Дар ин росто, метавон таъкид кард, ки арзиши ғояи гуманистии Наврӯз дучанд гаштааст. Имрӯз, чуноне Э.Кант қайд намудааст, ҳар як инсон барои дигаре ҳадаф бошад, на олот (барои дастёб шудан ба фараҳи эгоистии худ). Инчунин, ғояҳои гуманистиву умуминсонии Наврӯз дар таълимоти ноосфера инъкос ёфтааст. Поягузори таълимоти ноосфера академик В.И Вернадский қайд намудааст, ки инсоният бо тамоми ҷузъу томаш неруи тавоноии биологӣ мегардад ва дар назди ӯ ва хиёбони андешааш масъалаи азнавсозии биосфера, ки ба манфиатҳои асилу заковати озоди тамоми инсоният бояд равон гардад, қарор гирифтааст. Ин вазъи нави биосфера, ки онро мо ҳоло ҳис накардему аммо ба он наздик омадем, ноосфера мебошад. Ноосфера – «ноос» –хирад вазъи сифати нави биосфераи замин ва фазои назди заминӣ, ки зери таъсири фаъолияти инсон ташакулл ёфтааст, мебошад. Таълимоти ноосферӣ фарҳангу тамаддунро ба категорияи иқтисодиву иҷтимоӣ табдил медиҳад, ки вай самти моддии неруи иҷтимоии оммаро баҳо дода, сармояи иҷтимоиву фарҳангӣ ташаккул медиҳад ва ба иқтисодиёт характери гуманитарӣ мебахшад. Воқеан, ноосфера ин системаи табиат-ҷамъият буда, дар он ҳокимияти ақли инсонӣ мушоҳида мешавад ва ҷомеа чун унсури олии ташкилкунанда баромад мекунад. Ин фатҳи ҷаҳонбинии Наврӯз ва ғояҳои ориёӣ хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, эволютсияи ҷаҳонбинии Наврӯз ин раванди табиӣ мабдъаи таърихӣ, моҳиятан ба тамаддуни умумибашарӣ - тамаддуни наслҳои гузаштаву имрӯз ва фардои инсонӣ тааллуқ дорад. Ориёиҳо, маҳз ба тафаккуру андешаҳои созандагӣ ва тозаи худ, ки аз ҷаҳонбинии Наврӯз ғизо мегирад, дар риштаи тамаддуни умумибашарӣ ворид шудаанд. Аз ин ҷост, ки тараннуми Наврӯз ва ашёгардии ҷаҳонбинии он, назар ба қаъри таърихи ниёгони худ, омӯзиши хислатҳои баланди инсонии онҳо, самимияту муҳаббати онҳо ба инсону табиат, ки бештар бо тозаандешӣ фарқ мекард, натанҳо барои тарбияи насли нави инсонӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандии воқеӣ, балки дар ҳалли муаммоҳои глобалӣ саҳми шоистае хоҳад гузошт. Падидаи ашёгардии ҷаҳонбинии гуманистии Наврӯз он аст, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмааи Умумии СММ Қатъномаро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” дар ҳузур ва дастгирии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Мутобиқи ин Қатъномаи давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шуруъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад ва 22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об эълон шудааст.
Мирсаидов Аброр Бобоевич,
доктори илмҳои иқтисодӣ.,
профессор муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим