Наврӯз дар хиёбони андешаи инсон ва ё ҷаҳонбинии созанда

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/11/2025 - 15:11

 «Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд».

Эмомали Рахмон, Пешвои миллаат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

         Наврӯз аз лаҳзаҳои, ки шабу рӯз баробар мегардаду эҳсос мешавад.  Дар ин лаҳзаҳо барои заминиён гуё сулҳу оромӣ ва ваҳдати олами инсонӣ эҳсос мешавад. Хар як фарди соҳибфитрату зебопараст зуд аёнияти зиндашавии идонаи руҳу ҷисми худро дарк менмояд. Воқеан ҳам эътиол ва ё тавозуи ҷисму рух манбаи аслии хушбахтиву фараҳи инсонӣ мебошад. Пайдоиши ин ҳодисоди фараҳбахш дар рӯзи нав пиндору  кирдори одамонро мусссафо менамояд, дар онҳо хоҳиши табии гузашт кардан аз ҳар гуна низову тазодҳо, пурсидани узр аз кирдорҳои номатлуби гузаштаи худ ба дигарон, фаолияти эҳсонкорӣ,  аёдати еру дустон, хешовандон, кабули меҳмонон, оростани хони идона, арзи суханҳои неки хирадмандона ва қадрдӣ бо тӯхфаҳо ва ғ., аксаран  на аз рӯи анъана, ки мардум қабул доранд дар ин рӯз, балки, чун раванди табии, гӯё ҳастии табии онҳо ҳукм карда бошад, сурат мегирад. Чаро, ки дар ин рӯз қонунҳои табиат ба ҳиссаи ҷудонопазири худ– инсон, ки аз гардиши табиат дур нест, таъсир менамояд ва эътидоли миёни инсону табиат боз ҳам қавитар рӯи кор меояд.
         Наврӯз – аз соли нави мелодӣ, ки иди тақвимӣ (календарӣ) аст фарқ менамояд. Наврӯз – ин идест, ки табиат тӯҳфа намудааст ва ба ягон ходисот таърихи инсоният ва ё ба ягон ҷашнҳои миллӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ равобите надорад. Аз ин ҷост вай сифати умуми ва ё универсалӣ дошта ба иди тамоми олами инсонӣ таюдил ҳам ёфтааст. Воқеан ҳам майли ҷаҳонии Наврӯз сол аз сол афзуда истодааст. Ин ид аз дигар идҳои соли нави ба он фарқ менмояд, ки санаи доиргардии онро табиат муайн намудаст, фарзанди табиат аст, на маҳсули ягон қарорҳои давлатӣ ва ё ниҳодҳои байналмиллалӣ. Наврӯзро ватани ориётаборон ва тоҷикон мегӯян, ба он хотир, ки ин санаи табиат муаяйн намударо нахуст онҳо дарк намуднан ва ба оламиён исбот намуданнд, ки ана ин руз оғози соли нав аст. Дар ин росто Умар Хайём менависад: «Чун Ҷамшед он рузро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашни ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон ба ӯ иқтидо карданд…ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд..». 
        Иди Наврӯз, ки дорои сифати умумбашарӣ ва ғояи гуманитарӣ мебошад ҳамчун омили бунёдии ваҳдатовар дар олами инсонӣ хидмат ҳам намудааст ва имрӯх рисоати худро боз ҳам дучанд иҷро намуда истодааст. Ҳамин буд, ки 18 феврали соли 2010 лар Иҷлосияи 16-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид қатъномаи «Рузи ҷаҳонии Наврӯз» ба тавсиб расидааст. Албатта дар ин ҷода саюшу талоши Пешвои миллатамон, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамтост. 
      Навруз чун фарзанди табиат на танҳо як иди бошукӯхи фарҳангии берун аз сиёсату ҳаргуна мазҳбу ғояҳои диннӣ, балки чун ҷаҳонбинии асил ва ғояи бунёдии дар хиёбони андешаи инсон, пеш аз ҳама инсонони соҳибфитрат ва қишри краетивии ҷомеа қарор дорад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки мамлкати краетивии ҷаҳон ИМА 15 марти соли 2010 нахуст кишварест, ки дар Конгресси худ якдилон каътномаи СММ-ро доир ба «Рузи ҷаҳонии Наврӯз» тасдиқ намуд. Аз тарафи конгрессменон таъкид шуда буд, ки ҷашни иди Наврӯз ба ғанӣ гаштани фарҳанги ИМА суръат мебахшад, зеро ғояи он бо принсипҳои бунёдии амрико – сулҳ, демократия ва гулгулшукфои кулли бошандагони олам рост меояд. Ҳатто таъкид шуда буд, ки маҳз дар пояи ҷаҳонбинии Наврӯз Куруши Кабир ҳанӯз дар асри шаши то мелод сохти ғуломдорирро барҳам дода буд ва нахуст Хартияи хуқуқи инсонро таҳия каржа ба оламиён пешниҳод намудааст, ки асоси Хартияи хуқуқи инсони муосирро ташкил медиҳад. Ин иди қадимаи инсоният ҳазорҳо сол дар майдони набардҳои динию мазҳбӣ ва сиёсӣ қарор гирифта бошад ҳам, аммо бо туфайли моҳияти асили табии худ, фарзанди табиату қайҳон будани худ ва бо туфайли ғояҳои гуманистии умумибашаиаш зинда мондааст ва боз нуфзи тоза пайдо карда истодааст. 
          Имрӯз аниқ аст, ки ҷахонбинӣ ва ғояи созандаи он барои оромӣ бахшидани ба ҷаҳони ноором ва беқарору пур аз талотуби муосир бояд хидмат намояд. Чаро? Чи тавре дар мақолаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Инсон ва андешаи ҷаҳонсозии ӯ» ҳанӯз соли 2005 (Минбари халқ. 7.09. 2005) қайд шуда буд «...бе шарҳу тавзеъи муфассал ҳам равшан аст, ки инсони имрӯз назар ба ҳазор сол пеш рӯ барӯ ба хатарҳои фоҷеангезтар мебошад». Ин ҳолат дар солҳои охир боз ҳам шадидтар гашта истодаат.  Воқеан ҳам, дар тамоили инкишофи ҷомеъаи ҷаҳони муосир ду ҷараён ба чашм мерасад, ки яке тавлиди андешаҳои ҷаҳонсози инсон, ки аз ҷаҳонбинии Наврӯз - гуманизми инсонӣ бар меояд ва дигаре маҳсули андешаҳои худпарастӣ ва худтакабурии инсон аст. Дигаргуниҳое ки ба кишварҳои мутараққи ба вуқӯ омадааст, аз як тараф, на танҳо имкониятҳои некӯаҳволӣ ва беҳдошти аҳли башарро фароҳам овардааст, балки, аз тарафи дигар муаммоҳову хатарҳоеро ба мисли вайрон шудани эътидол ва ё тавозуи экологӣ, маҳдуд шудани оби ошомиданӣ, тероризм, бадбинии миёни қавму миллатҳо, паҳн гаштану васеъшавии истеҳсоли аслиҳои қатли ом ва ғ.  Дар ҳазорсолаи равон инсоният ба ояндаи худ на ба боварии комил, балки бо изтиробу ва беэътимотӣ назар мекунад. Бинобарон, дарки зарурат ва ногузирии ваҳдати олами инсонӣ ва рушди андешаҳои ҷаҳонсоз ба миён омадааст. Дар ин ҷода ҷаҳонбинӣ ва ғояи наврӯз, ки арзиши космлполитиқи, фаромиллӣ дораду сифр маҳсули табиат ва эътидоли он аст, нақши марказӣ дорад.  
          Бояд таъкид кард, ки пояи ғояи наврӯз аз эътидол ва ё тавозии воқеӣ табиат – баробарии шабу рӯз ибтидо мегирад ва соли навро аз ин соатҳо истиқбол гирифтан маънии ва ё ғояи бунёдиро дорад. Ниёгони мо пайваста бо дарки лаҳзаҳои эътидоли табии ва аз ин лиҳоз ба хотири тантана гаштани аслҳои эътидол, таҳмулпазирӣ, гуманизм ва адолат дар ҷомеаи инсонӣ, ки ҷузъи фаъоли гардиши табиат мебошад, ҳамоиши идонаи фарҳангӣ меоростанд ва арзишҳои муқадаси инсониву ҷомеасозиро тавқим менамуданд, оламиёнро ба сӯи таъмини пойдории он даъват менамуданд.  Ҳамин буд, ки ин гояи наврӯзи дар ҷавҳари консепсияҳои ҷомасозиву давлатсозии халқҳои ҷаҳон ва муҳиту фазои пажӯҳишҳои илмиро муаяйн намудааст, дар хиёюони андешаи таҳқиқгарон асил ҷойгоҳи устувор каасб намудааст. Масалан, дар илмҳои ҷомеашиносӣ хама вакт ҷӯиши роҳхои таъмини тавозу ва ё эътидол дар ҷомеа ва коркарди механизмҳои таъмини ваҳдати олами инсонӣ дар мадди аввал қарор мегирад. Иқтисодиёт, ки ошёнаи аввали ҷомеа аст, бинобарон пажӯҳишҳо дар ҳама ҳолат барои ноил гаштан ба эътидол ва тавозуи иқтисодиву иҷтимоӣ, ки ҳадафи таъмини адолати иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, равона шудааст. 
          Чи тавре дар боло ишора намудем, ғояи наврӯз зодаи гардиши табит, кайҳон аст, ки лаҳзаи эътилои табииро нахуст ориётаборон дарк намуданд ва худро як ҳиссаи ҷудонаопзири табиат пазируфтанд, зарурати таъмини эътидолу адолатро чун табиат дар ҷомеа муқадас пиндоштанд ва онро дар хиёбоини андешаи худ ҷой доданд. Дарки инсон чун ҷузъи такибӣ ва фаъоли табиат ва ҳамсизстии солим бо табиат, ки ҳамчун ғояи бунёдии консепсияи рушди устувор ва таълимоти ноосферы, ки имрӯз мегӯем, қароро гирифтааст, тассавур менамоем ин ҳамон ҷаҳонбинӣ ва ғояи асили наврӯзӣ, ки ниёгони мо тараннум карда будаанд, мебошад. 
         Аз ин лиҳоз ҳадаф аз таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии наврӯз» ва омӯзиши ғоя ва ҷаҳонбинии он барои таҳлилу муайян кардани қонунҳои умумӣ ва хусусӣ, ки маҳақи асосии инкишофи ҳаёти ҷомеаи инсониро муаяйн менмояд, иборат аст.  Ин масъала ҳам барои имрӯз ва ҳам барои фардои инсоният аҳамияти калон дорад. Зеро, ғояи рушди устувор чунон тамсилаи рушдро тақозо мекунад, ки «талаботи ҳаётии инсонҳои насли имрӯз, набояд аз ҳисоби маҳрум кардани имкониятҳои наслҳои оянд қонеъ гардад». Яъне ин ҷо ғояи таъмини эътидол ва тавозӯи дарозмудати ҷомеаи инсонӣ нуҳуфта аст. Табиатшиносон ва ҷомеъашиносон ягонагии умумии амалиёти қонунҳои табии ва биосфериро, хам дар ҷахони моддию табии ва хам дар ҷахони маънавию ичтимоӣ таъкид карданд. Ин ягонагӣ ба худ истисно ва ё тарафи диалетикии муқобилро дар бар мегирад: ин чо маънӣ эътидол ва инкишофи бефосилаи организими ҳам ичтимоӣ ва ҳам табии дар назар аст. Рӯи майдон омадани ин ғоя ва ашёгардии он зарурати замони муосир аст. Зеро, имрӯз амали гардонидани маънфиятҳои эгоистии истифодаи бераҳмонаи захираҳои табии сураът беандоза гирифта боиси таҷовузи табиат, муҳити зист ва вайроншавии мувозинати табии мусоидат кардааст. Пас, зарурате ба миён омадааст, ки инсон акнун на табиатро ба худ тобеъ кунад, балки худро ба он мутобиқ созад. Аз замони дунёи қадим ҳадафи илмро хирад, оқилӣ, дарки назми табиат ва ҳамзистӣ дар ҳамоҳангӣ бо он ташкил медод. Аммо, дар асри 17 ҳадафи он ба пажӯҳиш ва пайдо кардани донишҳое, ки барои ҳокимӣ ва идораи табиат истифода мешавад, равона шуда буд. Ва то имрӯз илму технология ба ҳадафҳое истифода мешавад, ки онҳо хатаровар, ҳалокатовар ва қаъран зиддиэкологӣ мебошад. Пас, инсонро зарур аст, ки вай чун чузъи таркибии табиат неруи худтанзимкуни ва худмахдудкунии талаботи худро низ руи кор оварад. Ғояи иқтисодиёти ғайритаҷовузӣ, ки бо табиат ҳамоҳанг бошад, бояд чун ғояи асосӣ ҳоким бошад. Зарур аст, ки иқтисодиёти дарозмудат дар доираи мизони инсонӣ карор гирифта ба аслҳои экологӣ ва технологияи «симои инсонӣ» дошта такия кунад ва дар маркази пажӯиш қарор гирад. Дар ин росто, метавон таъкид кард, ки арзиши ғояи гуманистии наврӯз дучанд гаштааст.  Имрӯз, чуноне Э.Кант қайд намудаат, ҳар як инсон барои дигаре ҳадаф бошад, на олот (барои дастёб шудан ба фараҳи эгоистии худ).  
         Ғояҳои гуманистиву умуминсонии наврӯз дар таълимоти ноосфера инъкос ёфтааст. Поягузори таълимоти ноосфера акад. В.И Вернадский қайд намудааст, ки инсоният бо тамоми ҷузъу томаш нерӯи тавоноии биологи мегардад ва дар назди ӯ ва хиёбони андешаш масъалаи азнав- созии биосфера, ки ба манфиатҳои асилу заковати озоди тамоми инсоният бояд равон гардад, қарор гирифтааст. Ин вазъи нави биосфера, ки онро мо ҳоло ҳис накардему аммо ба он наздик омадем ноосфера мебошад. Ноосфера – «ноос» –хирад вазъи сифати нави биосфераи замин ва фазои назди заминӣ, ки зери таъсири фаъолияти инсон ташакулл ёфтааст. Таълимоти ноосфери фарҳангу ва тамаддунро ба категорияи иқтисодиву иҷтимоӣ табдил медиҳад, ки вай самти моддигирди нерӯи ичтимоии оммаро баҳо дода, сармояи иҷтимоиау фарҳанӣ ташаккул медиҳад ва ба итисодиёт характери гуманитари мебахшад. Воқеан ҳам, ноосфера ин системаи «табиат-ҷамъият» буда, дар он ҳокимияти ақли инсонӣ мушоҳида мешавад ва ҷомъеа чун элементи олии ташкилкунанда баромад мекунад. Ин фатҳи ҷаҳонбинии наврӯз ва гояҳои ориёи хоҳад шуд. 
      Ҳамин тариқ, эволютсияи ҷаҳонбинии наврӯз ин раванди табии мабдъаи таърихӣ, моҳиятан ба тамаддуни умумибашарӣ - тамаддуни наслҳои гузаштаву имрӯз ва фардои инсонӣ таълуқ дорад. Ориёиҳо, маҳз ба тафаккуру андешаҳои созандагӣ ва тозаи худ, ки аз ҷаҳонбинии нарӯз ғизо мегирад, дар риштаи тамаддуни умумибашарӣ ворид шудаанд.  Аз ин ҷост, ки тараннуми наврӯз ва ашёгардии ҷаҳонбинии он, назар ба қаъри таърихи ниёгони худ, омӯзиши хислатҳои баланди инсонии онҳо, самимияту муҳаббати онҳо ба инсону табиат, ки бештар бо тозаандешӣ фарқ мекард, на танҳо барои тарбияи насли нави инсонӣ ва бунёди ҷомеъаи шаҳрвандии воқеъӣ, балки дар халли муаммоҳои глоабалӣ саҳми шоистае хоҳад гузошт. Падидаи ашёгардии чахонбинии гуманистии навруз он аст, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” дар ҳузур ва дастгирии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Мутобиқи ин Қатъномаи давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад ва 22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об эълон шудааст. 

Мирсаидов Аброр Бобоевич, доктори илмхои иктиодӣ., профессор

Муовин директор оид ба корҳои илм ва таълим 

Меню: