Санаи 22 октябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мулоқот бо олимони варзидаи Ҷумҳурии Белорус, ки таҳти роҳбарии саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Беларус, доктори илмҳои иқтисодӣ Гурский Василий Леонидович ба институт ташриф оварда буданд, баргузор гардид. Дар мулоқот директори Институти иқтисодиёт ва демография, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва муовини директори институт, доктори илмҳои иқтисодӣ, професср Мирсаидов А.Б. иштирок доштанд. Мулоқоту суҳбатҳо дар атрофи муаммоҳои илмии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни Тоҷикистону Белорус сурат гирифт. Зимни мулоқот зарурати густариш додани ҳамкориҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демография бо Институти иқтисодиёти Академияи миллии илмҳои Беларус дар самти иҷрои лоиҳаҳои муштарки илмиву татқиқотӣ таъкид шуд. Айни замон марҳалаи бастани созишномаи оид ҳамкориҳои илмии суръат гирифта истодааст.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








