Мулоқот бо олимони варзидаи Ҷумҳурии Белорус

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 10/22/2024 - 10:18

    Санаи  22 октябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мулоқот бо олимони варзидаи Ҷумҳурии Белорус, ки таҳти роҳбарии саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Беларус, доктори илмҳои иқтисодӣ Гурский Василий Леонидович ба институт ташриф оварда буданд, баргузор гардид. Дар мулоқот директори Институти иқтисодиёт ва демография, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва муовини директори институт, доктори илмҳои иқтисодӣ, професср Мирсаидов А.Б. иштирок доштанд. Мулоқоту суҳбатҳо дар атрофи муаммоҳои илмии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни Тоҷикистону Белорус сурат гирифт. Зимни мулоқот зарурати густариш додани ҳамкориҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демография бо Институти иқтисодиёти Академияи миллии илмҳои Беларус дар самти иҷрои лоиҳаҳои муштарки илмиву татқиқотӣ таъкид шуд. Айни замон марҳалаи бастани созишномаи оид ҳамкориҳои илмии суръат гирифта истодааст.

Меню: