ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 03/07/2025 - 14:02

   07 марти соли 2025 бо иштироки бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» таҳти унвони «Модар – фариштаи рӯйи замин» чорабинии идона баргузор гардид.

МОДАР - САРЧАШМАИ ХУШКНАШАВАНДАИ ҲАЁТИ МУЗАФФАР

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 03/05/2025 - 11:43

Модар шахсест, ки аз Одам то ба ин дам,  ҳамеша ситоишаш мекунем ва ҳамду санояш мехонем, зеро воқеан, шахси азизу меҳрубону такрорнашаванда ва сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар аст. 

НАВРӮЗ – РӮЗИ НАВ ВА ИДИ ҚАДИМТАРИНИ АҶДОДИИ МОСТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/04/2025 - 10:00

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар баробари дигар анъанаву ойинҳои миллӣ, таваҷҷуҳ ба ҷашнҳои бостонӣ ҳам беш аз беш афзуд. Ҳоло аксари ин ҷашнҳои қадимӣ ба таври расмӣ гиромӣ дошта мешаванд. Имрӯз кам нафаре пайдо мешавад, номҳои  Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро нашунида, ва дар чорабиниҳои бахшида ба ин ҷашнҳо иштирок накарда бошад. Чунки дар иҷрои барномаҳои фарҳангӣ тамоми қишрҳои ҷомеа ва пеш аз ҳама омӯзгорону донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ-илмӣ ва ходимони илмии АМИТ ҳам саҳми барҷаста доранд.

Модар –гавҳари ноёб, ёвару раҳбар ва чашмкушояндаи дунёи ҳастии инсон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/04/2025 - 09:28

 Бахшида ба иди модарон ва бонувон.
«Модарон меҳрафзо ва машъали тобон, занон хонахудои дудмон ба шумор мераванд. Номи зан-модар муқаддасу гиромӣ аст, занон бо меҳри модариашон ба тарбияи фарзандон ва устувор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо офият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофаташон номи зан-модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд».
        Эмомалӣ Раҳмон

НАҚШИ БОНУВОН ДАР ТАҒЙИРОТИ СИФАТИИ ДЕМОГРАФӢ ВА РУШДИ ҲАЁТИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ МАМЛАКАТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 03/03/2025 - 10:46

Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Эмомалӣ Раҳмон (28.12.2023)

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ