ТОҶИКИСТОН, ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 06/26/2025 - 10:54

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон дилхоҳ кишвар фақат дар сурати фароҳам будани сулҳу ваҳдат рушду тараққӣ менамояд. Бешубҳа, вожаҳои сулҳ, ваҳдат, оромӣ, осудагӣ, истиқлолият ва ватандорӣ барои ҳама халқу миллатҳо мафҳумҳои хеле арзишманд ё худ, муқаддас маҳсуб меёбанд, аз ҷумла барои миллати сулҳхоҳи мо.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ чун сарчашмаи таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ ва омили сарҷамъии мардум яке аз дастовардҳои муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Зеро бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди мо саҳифаи наве боз шуд, ки роҳи ояндаро ба сӯйи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд равшан сохт.
Зикр намудан ба маврид аст, ки модели сулҳофаринии Пешвои тоҷикони ҷаҳон, ки аз музокироти олимонаву орифона, сиёсати инсондӯстона, такя ба хиради азалии мардум ва дурандешона рафтор кардан ва дигар омилҳо боиси омӯзиш ва пажуҳиши ҷаҳониён қарор дода шудааст, зеро аҳамияти пажуҳиши сулҳи тоҷикон дар миқёси кишвар ва ҷаҳон хеле муҳим аст.
Ваҳдати миллӣ - иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, иттифоқу дӯстӣ, сулҳу оромӣ ва омили устувори пешрафти давлату давлатдорӣ буда, бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ин падидаи неку саодатбор дар сарҷамъии халқу миллат ва пойдории давлат нақши устувор гузошта, дар он тамоми музаффарияту комёбиҳои зиндагӣ таҷассуми воқеии худро дарёфт намудааст. 
Хурду бузурги халқу миллати шарафманди тоҷик хуб дарк мекунанд, ки аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ ва иродаи мустаҳками миллати баномусу тамаддунофар давлатдории миллӣ устувортар гардид ва ҷаҳду талоши якҷоя баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, беҳбудии рӯзгор, таъмини саодати наслҳои имрӯзу оянда, ҳиссагузор будан дар сулҳи Тоҷикистони азиз миллатро ба марому мақсади хеш расонид.
Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз имрӯзҳо хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад. Махсусан, дар шароити кунунии ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.
Таманно дорем, ки дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу субот, ваҳдату истиқлолият пойдор гардад ва шоҳсутуни оромишу осоиштагӣ дар ин сарзамини муқаддас таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегазанд, ҷовидона ва устувор боқӣ бимонад.
Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак бод!

Ҷалилзода Д.Р.
Котиби илмии Институти иқтисодиёт
ва демографияи АМИТ, н.и.и. 
 

Меню: