Шурои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 06/30/2025 - 14:48

Санаи 30-юми июни соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД дар нимсолаи якуми соли 2025
2. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои табъу нашри маҷаллаи «Иқтисодиёти Тоҷикистон» дар соли 2024
3. Оид ба натиҷаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Инъикоси равандҳои демографӣ дар барномаҳои давлатии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ»
4. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик (аз давраҳои қадим то асри XXI)» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1112, аз 15.03.2021)
5. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои ИИваД ҷиҳати омодагӣ ба ҷашнгирии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии Раҳимов Р.К., Саидмуродзода Л.Ҳ., Ишматова Д.А. бо номи «Инвестиции в основной капитал в современной экономике Таджикистана. Источники, тенденции и перспективы»
7. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии Бобозода А., Азимова А.З. бо номи «Муҳоҷирати таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ»
8. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Рауфӣ Фирӯза Абдуғаффорзода бо номи «Ҳайати идоракунӣ дар системаи нақлиёти Тоҷикистон»
9. Масъалаҳои ҷорӣ

Меню: