Таҷлили Рӯзи Президент
16 ноябри соли 2022 дар толори Шӯрои олимон бо иштироки ходимони илмии Институт ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Котиби илмии Институт, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, 30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва идораи президентӣ суханронӣ намуданд.