Шурои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/01/2022 - 14:10

Рӯзи 01 ноябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Доир ба интизоми меҳнат ва иштироки кормандон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ.
2. Дар бораи натиҷаҳои санҷиши фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ дар шуъбаҳои илмии Институт
3. Доир ба вазъи тадқиқотҳои иҷтимоӣ ва саҳроии шуъбаҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
4. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021)
5. Оид ба муҳокимаи такрории диссертатсияҳои унвонҷӯёни ИИваД АМИТ Файзуллоева Фирӯза Фозиловна ва Сафаров Абдулманон Маҳмадсаидович
6. Оид ба қабул ва баррасии диссертатсияҳои унвонҷӯёни Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ: 
а) Эшонқулова Фирӯза Аюбовна – «Повышение эффективности управления в экономике социального сектора» (на примере отрасли здравоохранения Республики Таджикистан), роҳбари илмӣ – н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М.
б) Махкамова Чамангул Абдуғаффоровна – «Мукаммалгардонии методҳои ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои истеҳсолӣ» (дар мисоли корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон), роҳбари илмӣ – д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.
7. Оид ба ворид намудани тағйирот дар ҳайати Шурои диссертатсионии 6D.КОА-017 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
8. Тасдиқи мавзӯъҳои илмии унвонҷӯён ва докторантони анъанавии фосилавии соли якуми таҳсил
9. Масъалаҳои ҷорӣ.
9.1. Нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2022 №9.
9.2. Дархостҳо оид ба китобу монографияҳое, ки аз ҷониби нашриёти «Дониш»-и АМИТ чоп шуда, ба китобхонаи Институт ворид мегарданд.

Меню: