Панҷшанбе, Декабр 19, 2024

ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/19/2024 - 10:05

Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон, оростани дастархони идонаву супоридани туҳфаҳои гуногун ба онҳо дар арафаи ҳар иду айём аз иқдомҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон ва дароз кардани дасти хайру сахо ба онҳо вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ва шахсони саховатпеша мебошад».