Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон, оростани дастархони идонаву супоридани туҳфаҳои гуногун ба онҳо дар арафаи ҳар иду айём аз иқдомҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон ва дароз кардани дасти хайру сахо ба онҳо вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ва шахсони саховатпеша мебошад».
Санаи 19-уми декабори соли 2024 тибқи дастури президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ибтикори Иттифоқи касабаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимону бепарасторон барои аёдат ба Маркази дастгирӣ ва рушди фарогири кӯдакон ва наврасони дорои аутизми шаҳри Душанбе рафтанд.
Дар ин Марказ, кӯдакон ва наврасони дорои аутизм, инчунин фарзандон аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ҳар яки мо бояд ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошему амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор диҳем.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |