Ноябр 2023

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 11/06/2023 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.

Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/31821

«Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/10/2023 - 15:34

Санаи 10-уми ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31- солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо, устодону донишҷӯён ва иштирокчиёну ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» ба шаҳри Норак ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон доир гардид, ки дар қатори онҳо муовини директори Институти иқтисод

Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба ифтиҳори Рӯзи Президент дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими қонуният»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/15/2023 - 10:05

Санаи 15-уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди инноватсионии кишвар» баргузор гардид, ки дар кори он муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/16/2023 - 10:57

16 ноябри соли 2023 дар толори Шурои олимон бо иштироки ходимони илмии Институт ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва идораи президентӣ суханронӣ намуданд. 

Вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати 5-нафараи Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланджоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/16/2023 - 15:47

Санаи 16 ноябри соли 2023 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати 5-нафараи Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланджоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой Цзяо Ичянг – профессори Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу, Динг Шучин – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи Ланджоу, Вей Цзиншен – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу, Чжан Юян – доктори имлҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ ва Институти

Конференсияи илмӣ-амалӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/21/2023 - 17:00

Рӯзи 21 ноябри соли 2023 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзўи «Равандҳои муосири демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилот ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Сипас, тибқи барнома д.и.и., профессор Улмасов Р.У., д.и.и. Комилов А.К. ва ходимони илмии шуъбаи таҳқикоти демографии Институт – мудири шуъба, н.и.и.

Ҳисоботи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/22/2023 - 10:01

Санаи 22-юми ноябри соли 2023 дар толори бинои кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон арзёбии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникии Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2023 баргӯзор гардид. 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ҲОЛАТИ МУОСИР ВА РУШДИ ҚУВВАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ СОҲАҲОИ САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/28/2023 - 14:07

Санаи 28 ноябри соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 №71 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2023» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосир ва рушди кувваҳои истеҳсолкунандаи соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.