Рӯзи 21 ноябри соли 2023 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзўи «Равандҳои муосири демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилот ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Сипас, тибқи барнома д.и.и., профессор Улмасов Р.У., д.и.и. Комилов А.К. ва ходимони илмии шуъбаи таҳқикоти демографии Институт – мудири шуъба, н.и.и. Субҳонов А.И., н.и.и Бобоев А.А. ва н.и.и. Қодиров Ш.Ш. баромад намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |